Activities calendar

26 июли 2019

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то охири моҳи июли соли равон дар аксар қаламрави кишвар (ба ҷуз ВМКБ)  ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 44 гарм хоҳад буд.

Гармои шадид  маъмулан сабаби об шудани барфу пиряхҳо дар навоҳиву манотиқи кӯҳӣ мешаванд ва ин обшуданҳо ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Иқдоми «Тобистони бехатар дар об”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии кӯдакон ва наврасон дар назди махазнҳои об ҳангоми таътили тобистона диққати зиёд медиҳад.  Кормандони КҲФ дар маҳалҳо корҳои зиёди таблиғотӣ мебаранд ва барои ҷалби ширкаткунандагон аз шеваҳои мухталифи таъсиррасон истифода мекунанд.