майи 2023

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои рӯзҳои 6-7-уми май

боронҳои рӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта: Заминларза, ҳалокати одамон дар садамаи мошин ва бар асари заҳролуд шудан аз ғизо, марги наврасон дар об

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, садамаи маргбори мошин, эҳтимоли заҳролудшавӣ аз ғизо ва  ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, бино ба гузорпиши Маркази зилзиласанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли равон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Курси омӯзишӣ барои командирони гурӯҳҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ

Аз 2 то 3 майи соли 2023 дар асоси Нақшаи пуррагардонии шунавандагони Кумита барои соли хониши 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо дараҷаи «Командирони гурӯҳҳои нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании таъиноти махсуси шаҳру ноҳияҳо» гузаронида шуд.

Хабари марги се нафар дар обҳои кишвар дар як шабонарӯз. Ҷустуҷӯи як ҷасад идома дорад

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷасадро аз об берун оварданд, аз таҳхонаи як бинои истиқоматӣ оби ҷамъшударо кашиданд ва ба ҷустуҷӯи ҷасади сокини 7-солаи ноҳияи Қубодиён, ки ғарқ шуда буд, оғоз карданд.

Соати 07:50 дақиқаи вақти маҳалии рӯзи 1-уми майи соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки...

Ҷамъомади таълимиӣ-методӣ дар КҲФ

Дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ – методӣ барои фармондеҳон ва муовинони сарфармондеҳон оид ба таъминоти ақибгоҳ, техникаи қисмҳои ҳарбӣ баргузор шуд.

Шаш нафар бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расиданд

Ин ҳодиса соати 04:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекунад, ба ҷарӣ сарозер шуд.

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар як мактаби шаҳри Душанбе

Рӯзи мудофиаи гражданӣ

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўи: «Амали хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, хидаматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Страницы