майи 2022

Корномаи Зафар Сулаймон. Як наврас дар Бохтар кӯдаки 7-соларо аз марг наҷот дод

10 – уми майи соли 2022 Умарзода Зафар Сулаймон-як навраси 16-сола аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо амале аз худ шуҷоату қаҳармонӣ нишон дод. Вай бо як ҷасорат аз оби канал писараки 7-соларо, ки ғарқ мешуд, наҷот дод.

Зафар, ки канори роҳ мерафт, баногоҳ садои доду фарёди бачаҳоро шунид, ки имдодталабона одамонро даъват

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ

Тибқи нақшаҳои қаблан таҳияшудаи тайёрии мудофиаи гражданӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугарак як силсила корҳои амалӣ ҳангоми таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун гузарониданд.

Ҳашари умумӣ дар Шаҳринав

Кормандони КҲФ бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарнок дар ҳудуди як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузарониданд. Онҳо селроҳаҳо ва чӯйбору соҳили каналҳо ва заҳбурҳоро аз ҳар гуна  бодовардҳо тоза карданд.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, сардори...

Паёмадҳои офати табиӣ дар Турсунзода бартараф мешаванд (ВИДЕО)

Боронҳои пуршиддати рӯзҳои 5-6-уми май боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент ва каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар, Муллошодӣ ва зери об мондани чандин қитъаҳои наздиҳавлигии ноҳияи Турсунзода шуда буд. Аз ҷумла, дар деҳаи Файзбахш об ба 237 хоҷагӣ таҳдид мекард.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати бартараф намудани

Бузургтарин сӯхтор дар Амрико ҳамоно идома дорад

Дар ҳоле, ки сӯхтор ба Ню-Мексикои Амрико дуввумин оташсӯзии бузург дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун унвон мешавад, аммо шароити обу ҳавои бесобиқа ва ғайри қобили пешбинӣ метавонад шиддити онро афзоиш диҳад. Ин сӯхтор беш аз як моҳ аст, ки идома дорад ва минтақаи бузургтар аз шаҳри Чикагоро дар бар гирифтааст.

Бисёре аз хонаводаҳо маҷбур ба тарги хонаҳои худ шудаанд ва ҳазорон нафар аз нуқоти наздик...

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

09.05.2022 07:30, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башар, ҳамаи онҳое, ки дар он солҳои фоҷиабор дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои 10-16 май (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.

Пайдо шудани ду ҷасад дар обҳои кишвар: Яке дар Суғд, дигаре дар Хатлон. Яке 19-сола дуюмӣ 12-сола

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади як сокини ноҳияи Мастчо, ки дар канали ин ноҳия ғарқ шуда буд хабар дод.

Бино ба ин гузориш як сокини 19-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Масчо дар оби канал ғарқ шуддаст. Сабаби марги ӯро аз шиноварӣ натавонистани марҳум гуфтаанд.

Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ

Баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Зарфи ин чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобкор дар шаҳру навоҳии кишвар шуданд,

Ҳашар дар Норак ва Ҷайҳун. Пешгирӣ аз селу офатҳои дигар

Рӯзҳои  5 - 6 майи соли 2022  дар шаҳри Норак  минтакаи манзили №2 деҳаи Лангар кучаи Сафаралӣ Ниёзов ва дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамоати шаҳраки Панҷ деҳаи Озодӣ №1, мавзеъи 119 км шоҳроҳи аҳамитяти байналмиллалӣ дошта байни ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ бо ҷалби қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи давлатии шаҳри Норак ва ноҳияи Ҷайҳун ва  аҳолии  деҳаҳои  мазкур  ҳашари  дастаъҷамъона  гузаронида 

Як куштаи раъду барқ дар Суғд, худкушии як мактабхон дар Панҷекат, ҳалокати як хонанда дар Дарвоз...

Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров дар раъду барқ ба ҳалокат расидааст. Мавсуф дар чарогоҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Ҳамчунин аз ҳалокати 27 сар чорвои хурд низ гузориш расидааст.

****    ****    ****
Рӯзи 6-майи соли 2022
тахминан соатҳои 17:00 дақиқа...

Духтаракон ғарқи об, волидон дар идгардак

Ба ин хабар сарлавҳаи дигаре, ки муносиби ҳол бошад, пайдо накардем. Ҳодиса рӯзи иди Фитр рух дод. Се хоҳаракони аз 3 то 7-сола дар канали деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант ғарқ шуданд. Агар Ашӯрмаҳмади 40-сола намебуд,  ин хонадон умре дар мотами се фарзанд менишаст. Беназоратии волидон ҳамеша мусибат ба тифлони онҳост. Зарфи ду соли охир борҳо аз ин гуна ҳодисаҳо бонги хатар

Страницы