феврали 2022

Оғози нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз вуқуъи 359 ҳодисаи фавқулода дар як сол хабар дод

Соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ (соли 2020 213 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки 59 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрвандони кишвар (соли 2020 8 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора лаҳзае пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

COVID-19: Мубталоён дар олам ба 397,5 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон боз 4 нафари дигар гирифтори нав сабт шудааст

Австралия ба боз кардани марзҳояш барои кулли касоне, ки зидди коронавирус худро эм кардаанд, омодагӣ мебинад. Ҳинд хабар дод, ки ваксинаи русии “Спутник Лайт”-ро пазируфтааст. Индонезия маҳдудиятҳои иҷтимоиро дар пойтахт, Ёва ва Бали таҳким мебахшад. Таиланд гуфт, ки барои барҳам додани баъзе маҳдудиятҳои эълоншуда талош хоҳад кард.

10 ҳодисаи лағзиши тарма дар ВМКБ дар шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнони ВМКБ 10 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Аз ин паёмадҳои 7 ҳодиса пурра бартараф карда шуданд ва ҳоло барои рафъи оқибатҳои се  мавриди дигари лағзиши тарма дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим идома дорад. Бар асари ин ҳодисаҳо ҳеч талафоти ҷониву харобии дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Санҷиши омодагии ҳарбӣ дар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Рузҳои 4 - 5 феврали соли 2022 азназаргузаронӣ, сафороӣ, машғулиятҳои сафороӣ, машғулиятҳо оид ба бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, ҷамъиятӣ – сиёсӣ, омӯзиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳуҷҷатгузориҳо ва ташкили роҳандозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, маълумоти умумӣ дар бораи кулҳои вилоят, ташкили...

Тамринҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок рӯзи 3 феврали соли равон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҳудуди маҳаллаи хатарзои деҳаи Ҷовидон тамрини ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод ва аҳолии ҳудуди ҷамоат ҳангоми

Рӯзи низофат дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист корҳои поккорӣ гузаронида шуд.

Кормандони Раёсат на танҳо утоқҳои корӣ ва ҷойҳои кориро ба тартиб овардаанд, балки партовҳои дар фасли зимистон ҷамъшударо дар маҳаллаи ҳамшафати Раёсат...

Давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ оғоз шуд

Аз 2 то 5 феврали соли 2022 Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиш оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои рушди Стратегияи барномаи таълимӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Тоҷикистон» идома дорад. Ин давраи омӯзишӣ дирӯз, 2 феврал оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 5-уми феврал идома кунад.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади яке ҷавони 30-соларо аз канал берун оварданд

Нимишабӣ, соати 02:46 дақиқаи рӯзи 2-уми феврали соли равон навбатдори  КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе» ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар канали «Деревиатсионӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади шахсияташ номаълум, ҷавони ба тахмин 2

Оғози фаъолияти Маркази иттилоотии зиддибуҳронии масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19. Телефони боварӣ: 511

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи “Нақшаи эътинои фаврӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” таъсис дода шуд.

Сармои шадид дар иёлати Флорида боиси аз дарахтон сарозер шудани гунае аз сусморҳо шуд

Ҳавои сард дар иёлати Флоридаи ИМА сабаб шуд, ки сусморҳои дарахтгард аз сардӣ билохира ба замин афтоданд. Ин гунаи хазандаҳои сардхун ҳамеша муҳтоҷи нуру гармии офтоб ва дигар манбаъҳои гармианд. Бидуни ин мубодилаи модда дар бадани онҳо сустҳаракат мешавад. 

Ин хазандаҳо, ки бештар вақт худро дар пӯстлохи дарахтон

Шарҳи ду истилоҳ. Иқлими гумидӣ ва геоморфология

ИҚЛИМИ ГУМИДӢ (лот. humidus — намӣ) — иқлими сернам, пурнам. Иқлиме, ки намии бештар дорад ва дар он шумори боришоти атмосферӣ зиёд аст ва он намӣ ҳангоми бухор вориди хок мешавад. Ин боиси рушди фарсоиш (эрозия) дар табиати он макон мегардад. Дар ин гуна иқлим маъмулан рустаниҳои намидӯст хуб нашъунамо мекунанд.
Истилоҳи “иқлими гумидӣ” бори аввал аз ҷониби Албрехт

Страницы