апрели 2021

Нигаронии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз камтаъсирии воксанҳо ба мутатсияҳои нави коронавирус

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам аз 134 миллион нафар гузашт. Аз ин беморӣ бештар аз 2,9 миллион нафар ҷон бохтанд. ИМА, Бразилия, Ҳиндустон ва Фаронса кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён ба ин вирус доранд. Русия дар ин рӯйхат дар ҷойи панҷум аст ва Британияи Кабир, Италия, Туркия, Испания ва Олмон дар идомаи рӯйхати даҳгонаи

Баҳси Ворух дар мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Академияи миллии илмҳои кишвар. Ворух анклав набуду нест

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои кишвар, муаррихон, номзадҳои илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ва Бобомулло Бобомуллоев мулоқот карданд. Суҳбат дар  мавзӯи "Ворух - мероси ориёиҳо ва як қисми қаламрави таърихии Тоҷикистон" буд.

Рўзи мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Ин рӯзест, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешавад. Рӯзест, ки ба одамон ҳушдор дода мешавад, ки канори зиндагии осуда як зиндагии дигаре ҳам эҳтимол дорад, ки бар асари офатҳои ногаҳонии табииӣ ба миён меояд. Ва инсон бояд ҳамеша худро ба ҳар гардиши айём омода созад. Ин рӯз дарсест барои сокинон ва ҳушдорест ба онон, ки ҳамеша омодаи ҳар гуна ҳодсаҳо бошанд, то хатари...

Пирӯзӣ дар майдони футбол. Ҳисоб 4:1!

Мусобиқоти варзишӣ миёни вазорату идораҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки то ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, идома дорад.

8-уми апрели соли равон тими мини-футболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди...

COVID-19: Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз эмкунии ҳатмии кӯдакон ҳимоят намуд

Додгоҳи ҳуқуқи башари  Аврупо рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки аз эмкунии ҳатмии кӯдакон ҳимоя мекунанд. Коршиносон мегӯянд ин қарор метавонад паёмадҳои басо ҷиддиӣ дошта бошад.

ИМА дар шабонарӯзи сипаришуда беш аз 75 038 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт кард.

Ҷаласаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои КҲФ

Дар се Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои ҷамъбасти семоҳаи аввали фаъолият баргузор ва натиҷаҳо ҷамъбаст шуданд.

Дар ҷараёни баргузории ин ҳама ҷаласаҳо як қатор тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи пешгирӣ ва...

Эмомалӣ Раҳмон: Тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Исфара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи баҳсии Ворух дидан намуданд ва дар ҷараёни мулоқот бо сокинон деҳоти Ворух суханронӣ карданд. Як бахши муҳими ин суханронӣ ба масъалаи марз ва мушкилоти он бахшида шуд. Масъалае, ки рӯзҳои охир басо доғ шудаву боиси...

Баҳманёр Надиров. Ворух чӣ гуна "анклав" шуд? Таърихи низоъи тоҷику қирғиз

Оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи онҳо Ворух "анклав" шуд. Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов ба «Азия-Плюс» дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад – оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳое, ки дар натиҷа Ворух "анклав" шуд, чунин нақл кард:

Саду панҷоҳу панҷ ҳодисаи фавқулодаи қаламрави вилояти Суғд дар семоҳаи аввали сол. Ҳалокати 27 нафар дар ин се моҳ

Дар Раёсати вилояти Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шўъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо давоми семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар вилоят 155 ҳодисаҳои

Боз як бозӣ ва боз як пирӯзӣ: Ҳисоб 2:0!

Дар доираи мусобиқоти варзишие, ки ба “30-солагии Истиқлоли давлатӣ” бахшида шуда ва миёни тимҳои варзишии вазорату идораҳо дар ҷараён аст, дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дорад.

Ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши

Коронвирус умри сокинони Аврупоро кутоҳ кардааст

Коронавирус давомнокии умри сокинонро дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2020 кутоҳ кардааст. Ин ҳолат бештар дар Испания (-1,6 сол), Булғористон (-1,5 сол), Литва, Лаҳистон ва Руминия (-1,4 солӣ) мушоҳида шудааст.

Дар ИМА зарфи як шабонрарӯзи гузашта беш аз 61 775 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст.

Баргузори ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 7-уми апрели соли 2021 таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Страницы