октября 2020

Баррасии Созишнома дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 октябри соли 2020 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи...

COVID-19: Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам аз 37 миллион гузашт

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи гузашта боз 40 нафар сироятшудагони нав ба коронавирусро ба қайд гирифта, шумори умумии мубталоён ба ин беморӣ дар кишвар ба 10 ҳазору 137 расидааст. Ин манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки то кунун дар кишвар 8959 (88,3%) нафар ба вируси корона муолиҷа шуда ва 79 нафар аз он ҷон бохтаанд.

Анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотдиҳандаи ҷавон дар КҲФ. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.

Ҷаласаи сайёри шӯрои бонувони КҲФ дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҷаласаи сайёри Шӯрои занон баргузор гардид, ки дар он кормандони ҳам Раёсат ва ҳам тамоми  шӯъбаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот фаъолиятҳое, ки дар нӯҳ моҳи соли...

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Марко Поло – аввалин сайёҳи аврупоӣ дар Осиё. Қиссаи машҳуртарин китоби олам, ки дар зиндон навишта шуд

Қубилайхон аслан намехост Полоро ҷавоб диҳад, то вай ба ватанаш баргардад. Аммо ҳодисае пеш омад, ки ба нафъи Марко Поло анҷомид. Шоҳдухтарони муғул ва Чинро Қубилай ба зании ҳокими Форс ваъда карда буд ва хонаводаи Полоро лозим омад, ки онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Корвон бо тӯҳфаҳои гаронарзишро наметавонистанд бо роҳҳои хушкӣ фиристанд, чун хатар дошт ва имкон дошт ба ҳамлаи кӯчиён рӯ ба рӯ шавад.

Коронавирус: Мубаталоён дар олам аз 36 миллиону 754 ҳазор гузашт. Дар Қирғизистон 245 ва дар Тоҷикистон 42 сироятшудаи нав сабт шуд

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз, ҷумъа, 9 октябр 36 миллиону 754 ҳазору 006 нафар эълон шуд.  Шабонарӯзи сипаришуда шумори сироятёфтагон дар олам боз 93 ҳазору 182 нафар афзуд.  Дар сабти мубталоёни нав кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар ҷойи аввал ва Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи дуюм ва сеюм мебошанд. Зарфи як шабонарӯз дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ

Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.

Хабарҳои мухтасар аз Covid-19 дар олам. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд 10-20% мубталоён сарчашмаи асосии сироят ба коронавирус мебошанд

То 08 октябри соли 2020 дар олам 36 миллиону 401 ҳазору 583 нафар чун мубтало ба коронавируси нав ба қайд гирифта шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта ба ин беморӣ боз бештар аз 101 ҳазор нафар сироят ёфтанд. Шумори фавтидагон ба 1 060 567 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам аз ин беморӣ 2 401 нафар ҷон бохтанд.

Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои техникӣ тақдим намуд

Бо мақсади боло бурдани иқтидори техникии кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи татбиқи дуҷонибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда миёни КҲФ ва намояндагии Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар Тоҷикистон 6-уми октябри соли равон маросими...

Вазъи КОВИД-19 дар олам: Сироятёфтагон беш аз 36 миллион нафар. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки иқтисоди ҷаҳон зиёд зарар намебинад

Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 36 миллион гузашт ва аз  марги беш аз як миллиону 504 ҳазору 600 нафар хабар дода мешавад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 40 сироятшудаи нав хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар  Тоҷикистон ба коронавирус бештар аз 10 ҳазор нафар сироят шуда,  88,2 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.
Дар Берлин
тадбирҳои беҳдоштӣ шадидтар мешаванд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши дуюм

Аз тарси рақобат бо кишварҳои дигар португалиҳо маълумотҳои ба дастомада аз сафарҳои бешумори баҳрии худро пинҳон нигоҳ медоштанд. Аз кишвар берун бурдани харитаҳо бо маълумотҳои наву тоза манъ буд ва фош кардани ҳама гуна асрор дар ин бора ҳукми қатл дошт. Ин тадбирҳо ҳатто боиси он ҳам шуданд, ки кушоишҳои муҳиме ҳам аз назари муосирон ва муаррихон пинҳон монданд.

Коронавирус дар олам: Аврупо дар гирдоби маҳдудиятҳои нав. Дар Тоҷикистон 88,1% мубталоён муолиҷа шуданд

6-уми ноябри соли равон шумори  гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон ба 35 миллиону 709 ҳазору 955 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун дар олам бештар аз 1 миллион нафар фавтидаанд. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 78 ҳазору 517 нафар сироят шуда, 1 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 26 миллиону 878 ҳазору 379 нафар муолиҷа шудаанд.

Страницы