майи 2019

Мулоқот бо собиқадорон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 – уми майи соли 2019 дар остонаи 74-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо сарварон ва намояндагони Шӯрои собиқадорони КҲФ баргузор шуд. Дар он   раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ, генерал-майор Б.Орипов, полковник М.Мирзоев ва подполковник Ф.Наҷмиддинов ширкат намуданд

Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз шаби гузашта мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд. Мақомот бо пахши эълони тоза ба равуои мошинҳо иҷозат доданд. Шоҳзода Бутаева, ҳамкори мо дар вилояти Суғд бо тайиди ин хабар афзуд, ки субҳи рӯзи 2-уми май, тахминан соати 06:40 дақиқа бар асари лағзиши як кӯҳпораи азим дар мавзеъи Чоре-Пойимазори ноҳияи Айнӣ роҳ баста шуд ва равуои

Бо дастури Пешвои миллат 84 нафар кӯдакон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд

Санҷиши омодагии тафреҳгоҳҳои тобистона дар ноҳияи Шаҳристон

Дар идомаи сафари хизматӣ гурўҳи кории роҳандозии корҳои таблиғотӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаитабиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла омадани сел, лағзиши тарма, резиши санг, лағҷиши замин, заминларза, газидани ҳашароту хазандаҳо,пешгирии ҳодисаҳои нохӯши ғарқшавӣ ҳамзамон расонидани ёриҳои аввалин ба осебдидагон вориди ноҳияи Шаҳристон шуд.

Страницы