ноября 2018

Ҳалокати як ҷавони 19-сола ҳангоми ҷамъоварии ҳезум: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷисми беҷони як сокини 19-солаи ноҳияи Раштро ду километр дуртар аз макоНи вуқуъи ҳодиса пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзе қабл ҳангоми ҷамъоварии ҳезум аз соҳили Сурхоб дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарё сарозер шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як бори дигар

Ҳамоҳангӣ дар мубориза бо амалҳои зишти ттэ ҳни кафолати оромист

Агар ба воқеият ва равандҳои ҷаҳони имрӯза назар андозем, қалам ҷойи шамшерро гирифтааст ва халал расондан ба тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ маъмул гардидааст. Ин равандро ба назар гирифта, мо бояд роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян

Дарсҳои омӯзишӣ ба мутахассисони Хадамоти зидди жола

Барои кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои такмили ихтисос ташкил шуд.

Дар ҷараёни ин омӯзишҳо ширкаткунандагон дар мавриди тартиб ва роҳандозии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз жола, аз ҷумла низоми назорати радиолакатсионӣ, шинохтани

Дарсҳо ва тамринҳои омӯзишӣ дар Суғд

Дар ҷараёни омӯзишҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо ба сел, обхезӣ, заминларза, бодҳои сахт ва кӯчонидани аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд. Дар ин омӯзишҳо зиёда аз 700 нафар иштирок карданд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои осебпазири ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзишҳои пайваста ва донистани қоидаҳои бехатарӣ яке аз омилҳои коҳиши хатари офатҳои табаӣ ба шумор мераванд. Одамон ҳар қадар ин ин гуна қоидаҳо ошно бошанд, ҳамон андоза дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ва ё техногенӣ фаврӣ амал мекунанд.

Бар асоси Нақшаи тасдиқкардаи КҲФ оид ба омӯзиш додани

Кумита озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бурдани корҳои сохтмонӣ барои бинои Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ дар шакли шоппинг озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 8-уми ноябри соли 2018.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ 26 ирсол намоед.

Телефонҳо барои маълумот: (+992 372) 2272387, 2231015.

Мониторинги корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Рӯдакӣ

Пӯшида нест, ки махсусиятҳои иқлимиву геологии минтақаҳои Тоҷикистон сабабгори муттасил рух додани офатҳои табиие аз қабили омадани сел, обхезӣ, тарма ва ғайра мешаванд.

Барои иҷрои супориши Сарвари давлат  оид ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳалҳо корҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои саноатӣ аз таъсири манфии рӯйдодҳои ёдоваришуда гузаронида мешаванд.