майи 2018

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат кард

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат намуд.

 Ҳамасола дар сар то сари кишвар рӯзи 20-уми май Рӯзи дави миллӣ мегузарад ва ин як анъанаест, ки таваҷҷӯҳи сокинонро ба варзиш ва саломатӣ бештар ҷалб мекунад.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бештар аз 100 кормандони ширкат карданд. 

Кормандони КҲФ дар қатори ҳазорон нафар намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ саф кашиданд. Барояшон лозим омад 10 км масофаро даванд.

Дидору мулоқотҳои таблиғӣ дар вилояти Хатлон

Масъалаҳои ҳузури одамон дар махзанҳои об ва иншоотҳои обӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо мақсади пешигирии хатари ҳодисаҳои ногувор дар махзанҳои об кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар миёни аҳолии шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карданд ва шаҳрвандонро бо қоидаҳои бехтарӣ ҳангоми оббозӣ ва шиноварӣ ошно намуданд. 

Дарсе аз оқибатҳои терроризм ва экстремизм

Дар доираи баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои касбии ҳайати шахсӣ ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризим ва экстремизм дар солҳои 2016-2020” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо корманди Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Фархор: Сели азим ба заминҳои кишт зарар ва як нафарро ба ҳалокат расонд

Боронҳои шадид муҷиби омадани сели азим дар ноҳияи Фархор шуданд. Деҳаи Сурхоб дар ин ноҳия аз сел бештар зарар дид, як сокини 25-сола   ҷони худро аз даст дод. Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари муовини аввали Раиси Кумита дар минтақаи офатзада фаъолият дорад. Сарбозони қисми ҳарбии КҲФ барои бартарафсозии оқибатҳои

Кишварҳои Осиёи Марказӣ зери хатари сели азим

Дар як шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боронҳои пай дар пай, омадани сел дар қисмати ҷанубии Узбекистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин офати табиӣ бештар аз 100 хона зери об монда, 5 нафар сокинон ба ҳалокат расидаанд.

Дар вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бошад сел ҳавлиҳо ва саройи 11 хонаи истиқоматиро зери об кардааст.

Дарсҳои амалӣ дар Шаҳринав

Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тобистонӣ бо сокинони ҷамоати  “Боғистон”-и ноҳияи Шаҳринав дар пойгоҳи муассисаи таълимии миёнаи рақами 10 дарси омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он 30 нафар сокинони калонсол ва 45 нафар аз ҷумлаи хоандагони мактаби ёдшуда ширкат карданд.

Дар ҷараёни дарсҳо ба шунавандагон қоидаҳои рафтору

Тамринҳои бехатарӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву методӣ баргузор кард. Дар он кормандони масъули ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо аз шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Шаҳристон даъват шуда буданд.

Аввалин чорабинӣ ба такмили ҳамкории хадамоти мудофиаи

Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройӣ аз андешаи солим маншаъ мегирад

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» доир гардид, ки дар он намояндагони  ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди

Машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона дар ноҳияи Шоҳмансур

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансур машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона бо ҷалби комиссияњои њолатњои фавқулодда, эвакуатсионӣ, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

15.05.2018 15:14, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 майи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти гуфтушунидҳо, ки чун анъана дар фазои дӯстона, ҳусни эътимод ва созанда сурат гирифтанд

Боронҳои харобиовар: Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Боронҳои шадиду селосо билохира аз худ ваввалин нишони харобӣ мегузоранд. Дар баъзе манотиқи кишвар қитъаҳои наздиҳавлигӣ хароб мешаванд, ба заминҳои кишт зарар мерасад, роҳҳои мошингардро санреза пур мекунад ва ҳаракати мошинҳо қатъ мешавад.

Ба асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шудааст.  

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

15.05.2018 14:36, шаҳри Душанбе

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири

Страницы