июли 2016

Сели азим дар Рашту Ашт пул ва роҳҳоро шуст (Видео)

Бар асари резиши борони шадид ва сели азим дар деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт пули ин деҳа ва қисмате аз заминҳои кишт зери об мондаанд.
Боронҳои шадид баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 28-уми июл оғоз шуданд ва бино ба иттилои хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа сели азим дар 16, 25-30 километраи  роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ноҳияи Раштро низ шустааст.

Дар се моҳи аввали соли 2008

Дар се моҳи аввали соли 2008 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он фаъолияти худро мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Кумита ба роҳ монд. Баҳри таъмини омодабошии доимии вазорату ташкилотҳо, хадамотҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли 2008

Дар  нимсолаи аввали соли 2008 дар ҷумҳурӣ  мувофиқи маълумотҳои воридшуда 75 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омаданд, ки бар асари онҳо  16  нафар шаҳрванди ҷумҳурӣба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин 33 нафари дигар ҳангоми оббозӣ ғарқ гардиданд.
Аз офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳамаги 1807 хонаҳои истиқоматӣ ба маблағи 2264,5 ҳазор сомонӣ зарар диданд, ки 106 адади он пурра хароб гардиданд.

Ёди таърих

Ин чор рӯйдод аз солҳои 2017-2014:

15.12.07 Заминларза дар ноҳияи Балҷувон

Рӯзи 15.12.07 соатҳои 8.11 ва 13.25 дар ноҳияи Балҷувон заминларза ба амал омад, ки марказаш дар худи ноҳия буда қувваи он 3,5 баллро ташкил дод. Инчунин рӯзи 16. 12. 07 соати 7. 29 дар ноҳияи мазкур такроран заминларза ба амал омад, Ки қувваи он 3 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ нест.

***   ***   ***   ***

18.11.07 Заминларза дар шаҳри Душанбе

Мулоқот бо намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ

27-уми июли соли равон генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқа бо сарварии Рупак Манваткар – роҳбари лоиҳаи Барномаи ҷаҳонии озуқа оид ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ мулоқот кард.
Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи корҳои анҷомшуда оид

Наҷоти одамони дучори садама дар дарёи Варзоб

Дар як амалиёти наҷоти одамони зери садамаи нақлиётимонда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони се нафарро аз хатар наҷот доданд.
Гуфта мешавад, ки дина бегоҳ як мошини боркаш бар асари садама ба дарёи Варзоб сарозер шудааст.
Ронандаи мошине, ки мутааллиқ ба хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи Варзоб буда, партовҳоро аз ҷойе ба ҷойи

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 28-уми июли соли 2016 гармии хушк дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат бештар аз 40 дараҷа хоҳад буд. 
Дар ҳамин иртибот аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоста мешавад дар ин рӯзҳо тибқи тавсияҳои зерин амал

Дарсҳои омӯзишии амалӣ дар минтақаи Зарафшон

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва қобилиятҳои ҷисмонии кормандони хадамоти наҷот аз 24 то 31-уми июли соли равон дар куҳҳои Фони водии Зарафшон машқҳои омӯзишии отрядҳои ҷустуҷӯии наҷоти куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мураббиёни ин дарсҳои омӯзишӣ кормандони Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ мебошанд.

Страницы