Ахбори рӯз

Ду рӯйдоди шабонарӯзи гузашта: Заминларза ва тарма дар ВМКБ

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст.

Чунончӣ, бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ 3 марти соли 2024 соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Шабонарӯзи гузашта танҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 8 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд

1 марти соли 2024 соати 10:00 дақиқа дар километрҳои 59, 63, 64, 65, 66, 67, 67200 ва 68 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб 8 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои бартараф намудани хатар ва паёмадҳои офат техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб шуд. Лағзиши тармаҳо бе талафоти ҷонӣ

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 10 нафар ронандагон ва муофирони се мошинро ба ҷойи амн интиқол доданд

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳҳо дар фасли сард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд. Ин тадбирҳо дар давраҳои хатари ҳодисаҳои фавқулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

Мулоқот дар Раёсати КҲФ

1 марти соли 2024 дар Раёсати Кумитаи таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт вохӯрӣ бо намояндаи Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Аминов баргузор шуд.

Дар мулоқот  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баррасӣ шуд.

Қувва ва воситаҳои Кумита ба тоза намудани роҳҳо ва дарахтони шаҳр сафарбар шуданд

–уми марти соли равон бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тоза намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва дарахтон аз барфи шадид равон шуданд.

Барфи шадид мушкилоти зиёде ба ҳаракати мошинҳо ва одамон дар пойтахти кишвар ба вуҷуд овард.

Страницы