Ахбори рӯз

Баргузории ҷаласаи Коллегияи КҲФ

13 апрели соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2024-ро мавриди барарсӣ қарор дод.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ...

Селҳои шаби гузашта дар қаламрави кишвар. Аз талафоти ҷониву харобиҳо гузориш нарасидааст

14 апрели соли 2024 тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафт. Дар натича деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании...

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду селҳо дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 апрели соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин 15 апрел дар навоҳии наздикӯҳии вилояти Суғд хатари омадани селҳо вуҷуд хоҳад дошт.

Имдодгарон дареро боз карданд, ки дохили хона се тифл танҳо монда буданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ва техногенӣ ба мушоҳида нарасид. Бо вуҷуди ин наҷотдиҳандагон чун ҳамеша омода ҳар кумаку ёрӣ ба сокинон буданд.

11 апрели соли 2024 соати 18:24 дақиқаи вақти маҳалллӣ  як сокини бинои баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар минтақаҳои ҷудогонаи кишвар. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 апрели соли 2024 дар як катор ноҳияхои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Страницы