Ахбори рӯз

Роҳандозии корҳои таблиғотии мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе

Бо мақсади амалӣ намудани «Нақшаи чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024» дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрел ва майи соли 2024 гузаронидани рӯзҳои (машқҳои) мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои татбиқи амалии ин нақша Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ созмон дод.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 28-29-уми марти соли равон бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин навоҳии ғарбии ВМКБ лағзиши тарма ва резиши санг пешбинӣ мешавад.

Селу сангрезиш, ярч ва болоравии оби дарёҳо. Хатароте, ки боронҳои шадиди ду рӯзи гузашта доштанд

Боронҳои пуршиддати рӯзҳои Наврӯз дар баъзе манотиқи кишвар асароти худро гузошт. Ҷойе сел омад, ҷойе сатҳи оби рӯдхонаҳоро баланд кард, ҷойе пулҳоро муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин кард.

Хушбахтона, ин ҳама бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар буд.

Мухтасари ин рӯйдодҳо:

Ду ҳодисаи дарёфти ҷасад дар Турсунзода. Яке духтари 17-сола, ки худкушӣ кардааст, дуюми зани 66-сола

21 марти соли 2024 тахминан соати 04:30 дақиқа як духтари 17-солаи сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо кадом сабаби номаълуме худро ба оби дарё ҳаво додаву ғарқ шудааст.

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳи Турсунзода ва бахши ноҳияи Шаҳринав фавран даст ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ заданд.

Табрикоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшида ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати иди баҳор – ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният мегӯянд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Наврӯз иброз доштаанд, ин ҷашни умумимиллӣ барои...

Страницы