Ифротгароӣ

АМАЛИ ВАҲШИЁНА. БОЗ ЯК ТИРИ ХОКХӮРДАИ КАБИРӢ

Ҳодисае, ки қабл дар минтақаи ҷануби кишвар рух дод, нигаронии амиқи ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Кушта шудани  4 сайёҳи хориҷӣ аз тарафи ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бори дигар собит сохт, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва террористӣ ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ободӣ ва осудагии кишвар набуда, ҳамеша дар пайи харобкорӣ, роҳгумсозии мардум, ноором сохтани вазъи дохилии

ҲНИ - РЕШАПАЙВАНДЕ БО ТЕРРОРИЗМ

Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ - Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи «давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод кардааст.

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. ҲАДАФИ ОН ТАФРИҚААНДОЗӢ МИЁНИ МАРДУМ АСТ

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

ҲНИ. ҲИЗБЕ БО АФКОРУ АЪМОЛИ АҲРИМАНӢ

ТТЭ ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Омилу сабабгори  асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии ТТЭ  ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст

Страницы