Ҳаводиси олам

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Русия, таҳдиди вабо дар Яман... Хулосаи хабарҳои рӯз дар олам

Дар Яман 101 ҳазору 820 нафар мубталоёни бемории вабо ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба хабарҳои расмӣ вабо то имрӯз 789 нафар сокинони ин кишварро куштааст.

Вабо аз охири моҳи апрели соли равон дар Яман рӯ ба афзоиш овард. Дар Санъо-пойтахти ин кишвар ҳолати фавқулодда эълон шудааст.
Вазорати тандурустии Яман мегӯяд авалин мубталоёни ба ин бемории марговар ҳанӯз се сол пеш ба қайд гирифта шуда буданд. Гуфта мешавад, ки дар айни замон дар 19 вилояти ин кишвар мубталоён ба вабо сабти ном шудаанд. 

Тӯфон дар Маскав 11 нафарро ҳалок ва беш аз 150 нафарро бистарӣ кард

Тӯфони шадид дар шаҳри Маскав-пойтахти давлати Русия, ки бо бориши борон ва раъду барқ ҳамроҳ буд, 11 нафарро кушт. Бино ба иттилоои расмӣ аз ин тӯфон бештар аз 150 нафари дигар зарар диданд. Мақмот аз садҳо дарахтони решаканшудаву шикаста, мошинҳои харобшуда хабар медиҳанд. Тӯфон ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо ба мушкил рӯ ба рӯ кард. То и муддати 150 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд ва аз сабаби захмҳои вазнин 108 нафари онҳо бистарӣ

Гармои тоқатшикан дар олам

Тибқи иттилои Бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNISDR) ва созмони белжии Маркази таҳқиқоти эпидемиологии ҳаводис (CRED) аз соли 1996 то соли 2015 бар асари ҳаводиси табиат дар сар то сари олам наздик ба 1,35 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.
Дирӯз, 11-уми май Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони ҳолати фавқулодда дар чанд шаҳри Канада

Дар чандин шаҳри вилояти Канада –Квебек, аз ҷумла дар Монреал бар асари обхезӣ ва сели азим ҳолати фавқулодда эълон шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории ВВС дар ин вилоят аллакай бештар аз ду ҳазор хона дар 130 шаҳру ноҳияи вилоят зери об мондааст. Дар қаламрави наздик ба 500 метри квадратӣ зарур омад, ки  сокинони маҳаллиро ба макони амн интиқол диҳанд.

Аз ҳаводиси олам: Тӯфони азим дар Бангладеш 7 нафарро ба ҳалокат расонд

Ҳафт куштаву даҳҳо захмӣ дар тӯфони Бангладеш, ки шомгоҳии рӯзи душанбе рух дод.
Ин ҳодиса шоми рӯзи душанбе рух дод ва бар асари борони шадид ва тӯфони азим чандин ноҳияи ин кишвар зарар диданд.
Мақомот теъдоди кушташудагонро ҳафт ва захмиёнро даҳҳо нафар эълон кардаанд.
Хабаргузории “Синхуа” ба нақл аз мақомоти расмӣ гуфтааст,

Страницы