Ҳаводиси олам

Дар заминларзаи Индонезия қариб сад нафар ҷони худро аз даст доданд

Дар ҷазираи Ломбоки Индонезия заминларзаи шадид қариб 100 нафарро ба ҳалокат расонд ва бештар аз 230 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Аммо баъдан қувваи заминларза дар баъзе минтақа 7 балл эълон шуд. Бино ба гузориши “Интерфакс” қувваи заминларза дар маркази он 5,5 балл эълон шудааст ва мақомот гуфтаанд, ки ин ларзиши замин хеле шадид ва сахт буд.

Дар суқути чархбол дар Красноярск 18 нафар ҷон бохтанд

Бар асари сарнагун шудани чархболи Ми-8 дар ноҳияи Трухани кишвари Красноярски Русия 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ахиран РИА Новости  хабар дод. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки дар ин чархбол се узви экипаж ва 15 нафар кормандони чашмаи нафтиӣ  савор буданд. Бо моддаи нақзи қоидаҳои бехатарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, ки чархбол дар ҷойи беодам сарнагун

Дар Қирғизистон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони русу қазоқ идома дорад

Дар кӯҳҳои Қирғизистон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони русу қазоқ, ки дар пиряхи ба номи Скрябина зери сангрезиш мондаанд, идома дорад. Элмира Шерипова-сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта ва чанд тани дигар зарар дидаанд.

Рӯзи душанбе Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ хабар

Ҳалокати ҳашт нафар дар сӯхтори як хона дар Сочӣ

Дар сӯхтори як хонаи чӯбӣ дар Сочӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ахиран Интерфакс истинодан ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод.

Ҳамсӯҳбати хабаргузорӣ аз ҷумла гуфтааст: “Бар асари оташсӯзӣ дар як хонаи чӯбӣ воқеъ дар кӯчаи  Просвещения ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд".

Сӯхтор дар калонтарин ва яке аз қадимитарин меҳмонхонаҳои Лондон

Дар маркази Лондон-пойтахти Британияи Кабир яке аз биноҳое хушсохте, ки 115 сол пеш бино шуда буд, оташ гирифтааст. Дар ин бино меҳмонҳонаи панҷситораи машҳури Mandarin Oriental ҷойгир аст ва мақомот гуфтаанд, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш таъмири кулии ин меҳмонхонаро ба анҷом расонида буданд. Иллати сӯхтор эълон нашудааст.
Сӯхтори азим дар пойтахти Британияи Кабир яке аз

Страницы