Ҳаводиси олам

Таркиш дар Мексика ҷони 20 нафарро рабуд

Бар асари инфиҷори қубури интиқоли бензин дар шаҳри Тлауелилпани Мексика 20 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 60 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод ва губернатори иёлоти Идалғо Умар Файёд аз аввалинҳо шуда хабарро аз тариқи саҳифаи худ дар Твиттер расонаӣ кард.

Ин таркиш дар канори корхонаи қандсозии  Tula рух дод. Дар

Инфиҷор дар болои боми факултаи донишгоҳе, ки дар он 22 ҳазор нафар таҳсил мекунанд

Бар асари як силсила таркишҳо дар Донишгоҳи Лиони Фароса се нафар захмӣ шудаанд. Наҷотдиҳандагон фавран ҳамаи бошандагони биноро аз маҳалли офат хориҷ карданд.   Хабаргузории Reuters навишт, ки ин таркиш дар боми кампус рух додааст. Тибқи хабарҳои фаврӣ дар ин инфиҷорҳо се тан зарар дидаанд. Твиттери донишгоҳ ахиран навишт, ки ин се тан захмҳои сабук бардоштанд ва ба саломатии онҳо таъсире

Инфиҷори газ дар вилояти Ростов. Омори ҳалокати одамон аз таркиши газ дар Русия зарфи 20 соли охир

Бар асари инфиҷори баллони газ дар бинои баландошёна воқеъ дар шаҳри Шахтаи вилояти Ростов як нафар ба ҳалокат расидаву 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар миёни захмишудагон ду нафар кӯдакон мебошанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Русия ТААС истинодан ба манбаъҳои ҳокими вилоят хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ошёнаҳои ҳаштум ва нуҳум

Киштии боркаши “Волга-Балт” дар соҳилҳои Туркия ғарқи об шуд

Дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи қаламрави Туркия киштии боркаш дар об ғарқ шуд. Ин киштӣ, ки «Волга-Балт» номида мешавад, бо парчами Панама дар ҳоли ҳаракат буд. Хабари ғарқи об шудани киштиро хадамоти матбуотии ҳокими вилояти Самсуни Туркия расонаӣ кард.

Гуфта мешавад, ки «Волга-Балт» наздикии соати ҳашти субҳи

Сенздаҳ қурбонии зукоми хук дар Гурҷистон

Зарфи як моҳи охир дар Гурҷистон 13 нафар аз зукоми хук ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора «РИА Новости» истинодан ба хабари ширкати телевизионии «Рустави” иттилоъ дод.

Ин манбаъи хабарӣ гуфтааст, ки дар умум 162 нафар чун сироятшудагон ба H1N1 ба қайд гирифта шуданд. То ин дам 13 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, “озмоишгоҳ 10

Страницы