Варақаи матбуотӣ

Нуқра Набиева: Ҳамеша эҳсос мекунам, ки дар ҳалқаи бародарони худ ҳастам

Бону Набиева Нуқра Ёдалиевна - сардори гурўҳи алоқаи қисми ҳарбии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1973 дида ба олам кушодааст.  Зодаи шаҳри Хоруғи ВМКБ. Маълумоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи М. Назаршоевро хатм кардааст. Оиладор аст ва соҳиби ду фарзанд. Аз соли 2004 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи

Баҳси терроризм ва эстремизм дар мулоқот бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ

Кормандони масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки муддате меҳмони ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буданд, аз зуҳуроти манфуре чун терроризм ва экстремизм суҳбат ба миён оварданд ва гуфтанд, ки ин падидаҳо ба амнияти кишвари мо мустақиман таҳдид мекунанд.

Роҳандозии корҳои низофат ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз

Зарфи ду рӯзи сипаришуда дар ҳама воҳидҳои низомӣ, Раёсатҳо ва шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои низофату покӣ ба истиқболи Наврӯзи дилафрӯз баргузор шуданд. Кормандон пайи ободиву тозагӣ шуданд, бехи дарахтонро нарм карданд, дар баъзе ҷойҳо гулҳои аввалбаҳорӣ шинонданд. Дафтарҳои кориро рӯбучину тоза намуданд.

Як суннати наврӯзӣ ҳамин тозагист, чун баҳор ин худ тозакор аст ва дӯст дорад, ки ба хонаи тоза, маҳалли пок қадам ранҷа дорад.

Ҳавои тағйирёбандаи рӯзҳои оянда: боронҳои шадид, раъду барқ, эҳтимоли омадани сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавосанҷи кишвар аз боришоти шадиди чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳад. Дар ин рӯзҳо дар баъзе манотиқ омадани сел ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад. Эҳтиёт кунед!

Тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои

Страницы