Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Мулоқоти генерал Назарзода бо Арно Вики

Ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ бо сарварии Ҷонишини ёвари директори генералӣ, Роҳбари департаменти кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи давлатҳои Кариб ҷаноби Арно Вики доир шуд.

Ба Кумита воситаҳои техникӣ супурда шуданд

7 июли соли 2022 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо таҷҳизотҳои техникӣ, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон харидорӣ шудааст, пешниҳод гардид.

Ёрии башарии Ҷумҳурии Белорус ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

25 октябри соли 2021 бар асоси Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Белорус  ва ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башарӣ расиданд. Ин кумакҳо иборат аз электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ, доруворуҳо иборат буданд ва дар маҷмуъ 40 тоннаро ташкил медиҳанд.

Бори башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия...

Аввалин анбори молҳои ғайриғизоӣ барои ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

14 октябри соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва татбиқи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш” миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар ҶТ ва Барномаи Рушди СММ, ки соли 2016 имзо шудааст, дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи аввалин анбори молҳои...

Муаррифии низоми мониторинг ва огоҳии қаблӣ дар кӯли Сарез (ВИДЕО)

2 июли соли 2021 бо мақсади навсозӣ, такмил ва тавсеаи низоми огоҳсозӣ ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ барои кӯли Сарез  баргузор гардид.

Страницы