Робитаҳои байналмилалӣ

Изҳори миннатдории Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Шоҳзода Карим Оғохони IV бо ирсоли нома аз ҳамкориҳои Хазинаи Оғохон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд ва хостори густариши бештари ин ҳамкориҳо дар оянда шуд.
2 – уми феврали соли 2017  бо ташаббуси Хазинаи Оғохон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Намояндаи доимии Хазинаи Оғохон дар

Эълони тасмими тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷаласаи навбатии РЕАКТ

Роҳбарони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҷаласаи Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд дар ҳолатҳои фавқулодда ширкат доштанд, бар ин назаранд, ки ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ тақвият

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамоиши Қазоқистон ширкат карданд

Дар шаҳри Олмотии Қазоқистон конфронси минтақавии машваратӣ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии коҳиши хатари офатҳо, ки Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар якҷо бо Маркази ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Олмотӣ ташкил карда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат

Боздиди гуруҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади арзёбии иқтидор ва талаботи лоиҳаи “Идораи хатарҳои офатҳои табиии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” имрӯз, 18-уми январ мулоқоти Савари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо гуруҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии роҳбари ширкати машваратии «Asian Disaster Preparedness Center (ADPC)» ҷаноби Аслам Первайз баргузор шуд.

Мулоқот бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон

13-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон – ФОКУС бо сарварии Директори иҷроияи он ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолии кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои

Страницы