Коронавирус nCov

Коронавирус дар ҷаҳон: маълумот аз рӯи кишвар ва минтақа

Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия тақрибан 285 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, тақрибан 5,5 миллион нафар фавтидаанд. Аврупо кӯшиш мекунад, ки «Omicron»-ро боздорад.

Кумита ба диққати истифодабарандагони сомона омори афзоиши шумораи одамоне, ки то 7 январи соли 2022 ба бемории коронавирус мубтало гаштаанд, пешниҳод менамоем.

Як миллиону 80 сироятшудаи нав ба коронавирус дар як шабонарӯз дар ИМА

Дар як шабонарӯз ниҳодҳои тандурустии ИМА дар саросари кишвар 1 миллиону 80 нафарро чун гирифтор ба коронавирус ба қайд гирифтанд, ки ин болотарин нишондиҳандаи рекордӣ дар ҳама замони ҳамагирӣ мебошад. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ин ҳоло поёни нуқтаи авҷ нест. Эҳтимол аст вазъ аз ин бадтар шавад.

Бино ба гузориши созмонҳои беҳдоштӣ аксари...

Тарс аз “ОМИКРОН”: Лағви беш аз 1400 парвоз дар олам. Хабарҳо таътилҳои солинавиро барои бисёриҳо талх кардаанд

Бино ба гузоришҳои расида бо оғози ҳафтаи нав  теъдоди парвозҳои лағвшуда ба хотири авҷи нави КОВИД-19 дар олам афзоиш ёфта, таътилоти поёни солро барои бисёре талх кардааст, - менависад дар гузорише бахши форсии ВВС. Бар асоси гузориши як вебсайти радиоӣ беш аз 1400 парвоз дар рӯзи душанбе лағв шудааст, ки аксари онҳо дар кишварҳои Чин ва Амрико будааст.

Covid-19: Даъвати Тедрос Адханом Гебрейесус аз мардум. Сафири Эрон дар Санъо аз коронавирус даргузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сокинони сайёра хост бо назардошти имкониятҳо дар нақшаҳои идонаи худ таҷдиди назар кунанд. Ин созмон аз густариши фарогири гунаи “Омикрон”-и коронавирус изҳори нигаронӣ кард. Гуфта мешавад, ки штамми нав ба шиддат дар кишварҳои олам паҳн мегардад.

"Лағви тадобири идона беҳтар аз талафи ҷон аст”,-гуфт

Ҳамлаи густардаи “Омикрон” ба кишварҳои Аврупо. Фаронса вуруд аз Британияро манъ кард

Мавҷи нави коронавирус батариҷ Аврупоро фаро мегирад. Ба назар мерасанд штамми “Омикрон” ба шиддати бештар вориди амал мешавад. Аввалин кишваре, ки заҳри ин сироятҳоро мечашад, Британияи Кабир аст. Ахиран Фаронса вуруди шаҳрвандони аз Британияро “бе сабаб муҳим” манъ кард. Ва онҳое ҳам, ки иҷозаи вуруд доранд, бояд ҳатман дар карантин бимонанд.

Страницы