Партоби 12 снаряди Хадамоти жола ба абрҳои жолазои манотиқи гуногун

Бо мақсади ҳифзи рустаниҳои кишоварзӣ аз жола 15 апрели соли 2024 аз соати 00:37 то 02:22 Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод.

Чунончӣ, кормандони КҲФ бо истифода аз 12 снаряди зидди жола...

Баргузории ҷаласаи Коллегияи КҲФ

13 апрели соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2024-ро мавриди барарсӣ қарор дод.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ...

Селҳои шаби гузашта дар қаламрави кишвар. Аз талафоти ҷониву харобиҳо гузориш нарасидааст

14 апрели соли 2024 тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафт. Дар натича деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании...

Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ

Баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Зарфи ин чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобкор дар шаҳру навоҳии кишвар шуданд,

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду селҳо дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 апрели соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин 15 апрел дар навоҳии наздикӯҳии вилояти Суғд хатари омадани селҳо вуҷуд хоҳад дошт.

Страницы