Барфу борону тарма...Воқеъияти имрӯз дар роҳҳои кӯҳии кишвар. КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Борону барф ба ҳам меборанд, гоҳ яке аз дигаре пуршиддаттар, мисли он ки сабқат мекунанд. манзараи шабонарӯзи гузашта дар навоҳии кӯҳӣ тақрибан ҳамин буд. Оби борон ба сони як сели пурваҳшат сатҳи оби рӯдхонаву каналу обанбору кӯлҳоро боло мебарад. Дар роҳҳои кӯҳӣ аз қуллаҳои баланд барфтӯдаҳо сарозер мешаванд, тарма роҳҳоро муваққатан мебандад ва ҳолате ҳам буд, ки тарма маҷрои оби дарёро ҳам баст.

Аввалин куштагони сели азим дар соли 2022. Сел ду сокини 18-солаи деҳаи Чашмаи шаҳри Турсунзодаро ба комаш кашид

Бо вуҷуди боронҳои шадид ва огоҳиҳои пайваста боз ҳам сокинон молчаронӣ мераванд, шикоргоҳ мераванд, ба моҳидорӣ шитоб мекунанд. Ҳавои аввали баҳор бо боронҳои пуршиддати хеш аз мардум эҳтиётро мехоҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агнетии ҳавошиносӣ ҳамеша сокинонро аз боришҳо, хатари тармаву ярч ва ғайра ҳушдор медиҳад. Мутаассифона, на ҳама ин огоҳиҳоро ба назар мегиранд.

Рӯзи МОДАР муборак!

Рӯзи МОДАР муборак!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумо модарон ва бонувони арҷмандро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод мекунад. Ин ид далели эҳтироми амиқ нисбат ба шумост. Он ба одамони синну сол ва касбу кори гуногун хотиррасон мекунад, ки аз хама наздиктарин, азизтарин ва мухимтарин шахсе,

Таҷлиди Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ ба ҳайати занони Кумита Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода муроҷиат намуд.

“Дар арафаи ид шумо, бонувони азиз, бо Рӯзи Модар табрик

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон. Паёмадҳои он бартараф шуд

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон

3 феврали соли 2022, соати 15:11 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 97-уми роҳи мошингарде, ки аз худуди деҳаи Ватангони ҷамоати деҳоти А.Басизи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.  Ин резиши санг талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёти кишвар роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Страницы