Барои наваскарон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд

Бо мақсади татбиқи Барномаи таълимии Кумита оид ба баланд бардоштани малака ва дониши ҳайати низомии КҲФ дар байни даъватшавандагони Кумита давраи омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар давоми як моҳ аз ҷониби кормандони Кумита ба сарбозон дар бораи Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи Истиқлоли давлатӣ, маънои рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ...

Дасти инсон дар нобудии табиати зинда. Аз қадим то ба имрӯз

Қаҳрамонони афсонаи Люис Кэрролл (нависандаи инглис, файласуф, риёзидон) «Алиса дар сарзамини Аҷоибот”  Шляпочник ва Харгӯш Мартовский ба таври ҳамешагӣ саргарми чойнӯшӣ буданд. Вақте зарфашон ифлос мешуд, онро намешустанд, бармехостанд ва ба ҷойи дигар менишастанд.

— Агар шумо то ба охир расед, баъд чӣ мешавад,- ҷуръат карда пурсид Алиса.

Боздид аз урдугоҳҳои муваққатӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон

Дирӯз, 13-уми апрел намояндагони ташкилоти байналмиллалии «ЮНИСЕФ», хазинаи Агенти Оғохон оид ба макони зист, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон аз урдугоҳҳо барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, ки дар қаламраи Хадамоти зиддижолаи КҲФ дар деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, дидан карданд.

Баргузории ҷаласаи коллегияи КҲФ ҳузурӣ ва онлайн

Зарфи се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва рӯйдодҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Ин ҳодисаҳо ба боронҳои пуршиддат, лағзиши тармаву ярч ва резиши санг алоқаманд буданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

Хатари киштиҳои ғарқшудаи ҳарбӣ барои обҳои олам

Беш аз 6 ҳазор киштиҳои ҳарбӣ ва борбар, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар нукоти гуногуни олам ғарқ шудаанд, имрӯз ҳам барои муҳити атроф хатар доранд. Бино ба  маълумоти коршиносон то ба имрӯз 6338 адад ин гуна киштиҳо дар умқи уқёнусу баҳрҳо дида шудаанд, ки аксари онҳо киштиҳои ҷангӣ буданд ва ё бору коло ва муҳимоти ҷангиро интиқол медоданд.

Страницы