Хабарҳои рӯзи гузашта: Сел дар Панҷекату Исфар, шамоли вайронкор дар Рӯшон, дасти хамиргар дар мошини хамиршӯрӣ

Бино ба  маълумоти фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми майи соли 2022 года соати 17:33 дақиқа шамоли сахт як қисми боми муассисаи таҳсилоти умумии №16 ва як хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ-ро ба замин зад. Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда

Заминларза. Маркази он қаламрави Ӯзбекистон буд

Бино ба маълумоти Институти геология ва сохтмонҳои ба зилзила тобовари ҷумҳурӣ 12-уми майи соли равон, соати 15:28 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин такон хӯрд.

Ин манбаъ маркази заминларзаро 173 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 км аз ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи...

Ҳавои боронии имрӯзу рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 14-15-уми май огоҳ мекунад. Ин ду рӯз боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар (ба истиноси ВМКБ) метавонанд зиндагиро дар баъзе манотиқ ба мушкил рӯбарӯ сохтаву сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло равад.

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Хоруғ

Аз 10 - ум то 13 майи соли 2022 дар асоси Нақшаи КҲФ оид ба чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони Раёсати ВМКБ дар шаҳри Хоруғ машқҳои ҳамаҷониба  дар  мавзӯъи «Амали мақомоти давлатӣ, комиссияҳо, қуввахо ва воситаҳои воҳидҳои ҳудудии системаи ягона ҳангоми таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ” гузарониданд.

Ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини аввали раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода ва муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода ҷаласаи Ситоди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ки дар қаламрави ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб амал мекунад, баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба огоҳонидани шаҳрвандон дар маҳалҳои...

Страницы