Дар Шаҳринав низ дарсҳои мудофиаи гражданӣ гузарониданд

Рӯзи 17 майи соли 2022 кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои кормандони хоҷагии боғпарварии ба номи М.Турсунзода дар мавзӯъи “Амали қувва ва воситаҳои ғайринизомӣ ҳангоми офатҳои табиӣ” дарсҳои махсуси тактикӣ гузарониданд.

Иштироки кормандони КҲФ дар Рӯзи дави миллӣ

15-уми майи соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рўзи дави миллӣ фаъолона ширкат намуданд.

Рўзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, рӯзҳои 16-18 майи соли 2022 дар шаҳри Роғун кормандони Кумита тамринҳо гузарониданд.
Кормандони КҲФ дар давоми се рӯз вазъи омодагӣ ва

Ифтитоҳи анбори нигаҳдории маводи ғайриғизоӣ барои зарадидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ дар Хоруғ (ВИДЕО)

16 майи соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқаӣ барои ахолие, ки дар ноҳияҳои сарҳаддии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагй мекунанд ва эҳтимол дорад дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, ширкат намуд. Ин анбор дар ҳудуди  Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Нигаронии сарвари Кореяи Шимолӣ аз густариши коронавирус дар кишвар

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд шумори мубталоён дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар расида бошад. Пхенян, ки то кунун аз авҷи ин беморӣ ҳарфе намезад, ҳафтаи гузашта аз кашфи аввалин мубталоён ба КОВИД-19 хабар дода буд.

АВТОР ФОТО,AFP
Ҳоло тибқи гузоришҳои расонаҳои давлатӣ дар пойтахти ин

Страницы