Суҳбат аз “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

3 июни соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими маъруфи давлатӣ, олими шарқшинос, журналист, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор шуд. Ин мулоқот ба шарафи 50-солагии нашри ин китоби мондагори таърихӣ баргузор гардид.

Чаро зиминларзаи шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд?

Заминларзаи шаби гузашта субҳи имрӯз баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Иддае бо назардошти такони шадид, ки дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе эҳсос шуд, ба хабари Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қувваи онро дар пойтахти кишвар 3-4 балл эълон кард, изҳори нобоварӣ карданд. Лаҳзаҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ин баҳсҳо дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараёнанд.

Заминларза дар кишвар. Талафони ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.

Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар тафреҳгоҳҳои атрофи Душанбе

мавсими оббозӣ

Рӯзи 1 – уми июни соли 2022, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳолати омодагии бехатарии шаҳрвандон ба мавсими оббозии соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе МД

Ҷасади марди 45-50 сола дар соҳили рӯди Душанбе пайдо шуд. Шахсият ва сабаби маргаш таҳқиқ мешавад

Субҳи рӯзи 31-уми май навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём хабар дод.

 Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе...

Страницы