Раёсати Душанбе низ ним соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард

4-уми июли соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок муовини аввали Раиси Кумита полковник Х. Латифзода ҷаласаи таҳлили фаъолияти шашмоҳаи Раёсат баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳои Раёсат шунида шуданд. Дар ин ҳисоботҳо бештар сухан аз корҳои анҷомшуда дар ин шаш моҳи охир сухан мерафт.

Корҳои таблиғотӣ дар вилояти Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста миёни аҳолӣ барои эҳтиёт дар ҳавои гарм, риояи қоидаҳои оббозӣ, будубош дар соҳили обҳо ва ғайр корҳои таблиғотӣ мебаранд. Ҳадаф пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо дар ин фасли гарм аст.

Ҳангоми рейдҳои пешгирикунанда дар қаламрави шаҳри Левакант ва ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон...

Ду рӯйдоди рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ сабт нашудааст. Дирӯз ҷасади як духтари 18-сола, ки 27-уми июни соли ҷорӣ дар ғарқ шуда буд, дар қаламрави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон пайдо карда шуд. Ҳамчунин имдодгарон дари бастаеро боз карданд, ки дар дохили хона ду кӯдаки хурдсол бе назорат монда буданд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор дар кишвар. ТАВСИЯҲО. Чӣ бояд кард?

Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 5-уми июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат ва навоҳии тобеъи марказ шамоли сахт дар назар дошта шудааст. Бод бо суръати 12-15 метр дар як сония мевазад ва ҳамзамон эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.

Дар Раёсати Суғд ҳам фаъолияти нимсоларо ҷамъбаст карданд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали фаъолияти Раёсат баргузор шуд, ки дар он Сардори Сарраёсати ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Ҷамшед Камолов ширкат намуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми самтҳои фаъолият таҳлил...

Страницы