Мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки умумиҷаҳонӣ мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо сарварии Сармутахассис оид ба идораи ҳолатҳои буҳронӣ ва офатҳои табиӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Адолфо Симаз баргузор шуд.

Сели харобкор дар ноҳияи Лахш

2-уми моҳи августи соли 2022 соати 19:45 дақиқа дар натиҷаи борони кутоҳмуддат дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш сел омад.

Сел ба чор замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро шуст. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар лагери истироҳатии “Шарора”

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақша - чорабиниҳои масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 рӯзи 1 – уми августи соли 2022 ҳолати экологӣ, тайёрӣ ба қабули кўдакону наврасон ва фаъолияти лагери истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоли Сомониро санҷид.

Се рӯйдоди рӯзи гузашта. Болоравии харобиовари сатҳи оби Сурхоб, садамаи ду мошин дар роҳи Варзоб – Душанбе ва пайдо шудани ҷасади ҷавони 26 сола, ки ғарқ шуда буд

Якуми августи соли 2022 бинобар сабаби баланд гардидани дамои ҳаво сатҳи оби дарёи Сурхоб аз меъёр баланд шуда, дар мавзеи “Бурҷон”-и ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт маҷрояшро дигар намуд ва қисмати поёнии роҳи автомобилгарди маҳаллии Сарипул-Аскалонро дар километри 3-юм қисман шуста хароб намуд. Дар натиҷа 70 метри роҳи зикршуда 10-15 см фурӯ рафтадар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст...

Страницы