Сели рӯзҳои гузашта дар қаламрави кишвар. Хатари он ҳамоно боқист

Боронҳои шадиди рӯзҳои гузашта боиси омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар шуданд. Чунончӣ, тибқи маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Нуробод рӯзи 30-уми октябри соли 2022 соати 12:30 дақиқа дар натиҷаи бориши борон дар километри 94-95-уми шоҳроҳи байналмиллалии Ваҳдат-Рашт-Лахш (мавзеи  Қумоқ) дар ду нуқта селоба фаромада, роҳро баст.

Ҳушдор ва тавсияҳои КҲФ: Бориши борону барф то рӯзи 2-уми ноябр идома мекунад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 2-уми ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар водиҳо боронҳои пуршиддат меборанд ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ эҳтимоли боридани барф зиёд аст. Ҳамчунин аз сардии бештари дамои ҳаво низ хабар дода шудааст. Бар асари боронҳо пуршиддат омадани селҳо дар баъзе минтақаҳо эҳтимол дорад.

Фурӯ рафтани як пул дар Ҳинд сабаби ҳалокати 141 нафар шуд (ВИДЕО)

Бар асари фурӯ рафтани пул дар иёлати Гуҷарот воқеъ дар ғарби Ҳинд ҳаддиақал 141 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мақомот мегӯянд теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад. Ин пул чанд рӯз баъд аз як таъмири тӯлонӣ фурӯ рехт.

Мақомоти интизомии Ҳинд субҳи имрӯз, душанбе шумори ҳалокшудагонро 141 нафар эълон карданд.

Оғози тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти Зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва иншоотҳои...

Резиши санг ба манзили як сокини деҳаи Шоши ноҳияи Роштқалъа зарар расонд

Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта низ дар баъзе манотиқи кишвар хавфу хатарҳое ба дунбол доштанд. Дар баъзе минтақаҳо борон сабабгори омадани сел шуд, ва хушбахтона ин селҳо ба сокинон  зарар нарасонданд. Дар баъзе манотиқи кӯҳӣ сел сабаби резиши санг шуд.

Чунончӣ, соати 16:49 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 27-уми октябри соли равон дар қаламрави деҳаи Шоши...

Страницы