Салиби Сурхи Олмон дар коҳиши хатари офатҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамкорӣ мекунад

Тоҷикистон ва Олмон дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин нукта дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон таъкид шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳои ҳамкорӣ барои таҳкими омодагиҳои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро низ барарсӣ карданд.

18-сентябри соли 2018 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода  ҳайати Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон бо сарварии мушовир оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ҷаноби Штефан Шолсро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Кумита бо истиқбол аз меҳмонон ба густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтори мудофиаи гражданӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон бо фаъолияти КҲФ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда шинос карда шуданд, ҳамчунин самтҳои имконпазири ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон дар самти мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардид. 

Дар ин мулоқот имкониятҳои ва самтҳои ҳамкорӣ барои таҳкими омодагиҳои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, роҳҳои баргузории омӯзишҳои трансмиллӣ оид ба мудофиаи гражданӣ мавриди сӯҳбат қарор гирифтанд.   

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо ва ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида расонидани кумакҳо таъкин намуданд.