Тамринҳои кӯҳпаймоӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ. Аслан ҳамаи тамринҳое, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд, ба хотири одагиҳо ба ҳолатҳои эҳтимолии фаавқулодаанд. Ва Кумита ин гуна барномаҳо зиёд дорад ва ҳадаф ҳам он аст, ки наҷотдиҳандагон на танҳо донишҳои назариявӣ дошта бошанд, балки дар амал ҳам ҳолоти мухталифро тамрин кунанд ва худро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳо омода созанд.

Бо мақсади омодагии ҳамешагӣ барои роҳандозии фаврии бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи омодагиҳо ҳангоми чорабиниҳои садамавиву наҷот кормандони воҳидҳои вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дарсҳои навбатии амалӣ оид ба кӯҳпаймоӣ баргузор намуданд. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон малакаҳои амалиро оид ба кор дар сахраҳои наздикии деҳаи Зағертути шаҳри Левакант тамрин намуданд.  Дар ҷараёни ин машқҳо барои эҳтиёт аз системаи кӯҳпаймоӣ ва роҳҳои интиқоли одамон истифода карданд.

Наҷотдиҳандагони ҷавон имкон пайдо намуданд дар ин тамринҳо роҳу шеваҳои боло шудан дар сахраҳо, харсангҳои азим ва аз он ҷо поин овардани зарардигагонро машқ кунанд. Барои ин мавзеъҳои гуногун, ҳам мушкилбаро ва ҳам роҳашон одитар истифода шуданд, то наҷотдиҳандагон ҳамаи ин шароитҳоро аз қабл тамрин карда бошанд.   

Ин гуна дарсҳои амалӣ имкон медиҳанд наҷотдиҳандагон роҳҳу воситаҳои гуногуни наҷоти зарардидагон дар муҳити кӯҳистонро омӯзанд, ҳамчунин истифодаи амалии техникаи наҷот дар ин гуна ҳолатҳоро тамрин кунанд ва худро омода созанд.