Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Дар шаҳри Олмаато ҷаласаи ёздаҳуми шӯрои ҳамонҳангсозии давлатҳои узви СПАД оид ба ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд

Имрӯз, 12 сентябр  дар шаҳри Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ёздаҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба кори худ оғоз намуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник М.Салимзода намояндагӣ мекунад.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, Котиботи СПАД ширкат менамоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда бо созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади истифодаи зарфиятҳои онҳо ҳангоми расонидани кумакҳо ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани омӯзишҳои тактикии махсус бо воҳидҳои ҳолатҳои фавқулодда, фаъолия ва имкониятҳои муассисаҳои омӯзишӣ дар омодасозии кадрҳо барои давлатҳои узви СПАД, ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдор дар самти пешигрӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. 

Қарор аст дар поёни нишаст ҳуҷҷати ниҳоии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда имзо шавад.

барчасп: