Ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷаласаи тантанавии Рӯзи Истиқлолият дар Шуғнон

7 сентябри соли 2018 дар деҳшӯрои Навободи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ ба муносибати  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз, намояндаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарӣ Юсуфӣ Юсуф, фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва хонандагон ширкат карданд.

Чорабинии тантанавиро бо суханони муқаддимавӣ раиси ноҳия ифтитоҳ намуд ва қайд кард, ки истиқлолият рамзи озодии асили миллат, соҳибихтиёрии давлат мебошад. 

Баъдан аз нои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ кард. Сарвари идораи наҷоти кишвар зимни баромад нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакатро зарфи 27 соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуд. Вай аз ҷумла зикр кард, ки “таъмини ҳаёти шоиста барои мардум дар ҳамаи солҳои истиқлолият ҳадафи асливу олии Ҳукумати кишвар буд ва хоҳад монд”. 

Дар поёни суханронии худ Раиси КҲФ ба ширкаткунандагон ва кулли аҳолии ноҳияи Шуғнон комёбиҳо хост ва ибрози боварӣ намуд, ки аҳолии ноҳияи Шуғнон ҳама талошҳоро анҷом медиҳанд, то вазифаҳо дар пешистода дар партави нишондодҳо ва талаботҳои Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ шаванд. 

Дар поёни чорабинии тантанавӣ барном аи идонаи консертӣ бо ширкати намояндагони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва хонандагон баргузор гардид. 

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар чорабинии тантанавӣ фармони Раиси КҲФ дар бораи мукофот ба ҳайати шахсӣ қироат шуд. Ба афсарони Кумита медалҳо, Ифтихорномаҳо ва ба ғолибони мусобиқоти варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи Итиқлолият баргузор шуда буд, Кубок ва дипломҳо тақдим карда шуданд.

барчасп: