ТТЭ ҲНИ ВА ҚАТЛИ СОБИҚ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Дар замони даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ ба авҷи аъло расида буд. Намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, ҷавонмарди асил, тимсоли ҳақиқату адолат, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев низ аз ҷониби қотилону ноҷавонмардони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ваҳшиёна ба қатл расонда шуд. 
Рӯзи 24 августи соли 1992 тахминан соати 7:50 дақиқа гурӯҳи силоҳбадаст собиқ Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро дар роҳ ба сӯи коргоҳ боздошта, ӯ ва ронандаашро аз мошин берун бароварданд. Сипас, амр карданд, ки Ҳувайдуллоев ба зону нишинад. Вақте ки аз прокурор ҷавоби рад гарифтанд, ба зонуяш чанд тир заданд. Баъди ба замин афтидан ҳам ӯро тирборон намуданд. Ташхис нишон дод, ки ба тани Н. Ҳувайдуллоев беш аз 20 тир задаанд. Қотилон баъди чанд муддат дастгир шуданд, ки инҳо Раҳим Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов буданд. Санаи 26 ноябри соли 1993 ҳар ду сазовори ҳукми қатл дониста шуданд.
Вале, қотилони аслӣ, роҳнамо, маблағгузору сарпарастон аз назарҳо дур ва зери парда монданд. Чандин сол дар бораи сабабу омилҳои куштори Нурулло Ҳувайдуллоев дар воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ андешаҳои гуногун пайдо шуданд. Гуфта мешуд, ки яке аз собиқ қумондонҳои саҳроии сатҳи миёнаи Иттиҳоди неруҳои мухолифони тоҷик Абдулвосит Латипов, маъруф ба «Қорӣ Восит» дар ин куштор даст дорад. Гурӯҳи «Қорӣ Восит» зери «чатр» - и ТТЭ ҲНИ дар содир кардани 25 амали террористӣ, ки боиси марги 40 нафар гардид, гумонбар дониста мешуд ва яке аз он қатли Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба шумор мерафт.

Абдулвосит Латипов, ки солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз таъсисдиҳандагон ва роҳбарони дастаи мухолифони оштинопазир ва дастпарвари ТТЭ ҲНИ буд, нисбат ба ӯ бо моддаҳои 130 (одамрабоӣ), 104 (куштор), 186 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз соли 2001 дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошт. Бархе аз расонаҳои ватанӣ, русӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин, Латиповро аз муҳофизони роҳбарони болоии ТТЭ ҲНИ ва гумонбар дар гаравгонгирии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раҳо кардани ӯ ба ивази 800 ҳазор доллар медонистанд.

Дар ҳамин ҳол, дар як суҳбати мухбири рӯзномаи «Нигоҳ» Ризо Муҳаммад бо собиқ раҳбари ситоди ИНОТ ва собиқ муовини раиси ТТЭ ҲНИ Маҳмадалӣ Ҳайит собит мегардад, ки ба гуфтаи худаш «Қорӣ Восит» - ро аз наздик мешинохтааст ва бо ӯ равуо доштааст. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд: «Мо дар он қароргоҳе, ки гурӯҳҳои Намоз Қурбоналиев ва Абдулвосит Латипов ва гурӯҳҳои дигаре, ки аз шаҳри Ваҳдат буданд, воқеъ дар шаҳраки "Академик" - ҳо қарор доштанд, вомехӯрдем».

ТТЭ ҲНИ инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош меварзид ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд буд, ба қатл расонд.  Чунки ин ташкилот зидди давлати дунявию ҳуқуқбунёд буд ва дар шароити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зистан намехост.
Ҳарчанд гирудори қувваҳои мухталиф вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳамонвақтаи ҷумҳуриро ноором карда буданд, Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун инсони ростқавлу поквиҷдон, ҷасуру қавиирода, дилсӯзи Ватан аз рӯзи аввали фаъолияти касбӣ то лаҳзаи ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуданаш нисбат ба ашхоси ҷиноятпеша муборизаи беамон бурд. Бо қатъияту устуворӣ  ва далериву ҷасорат аз Ҳукумати қонунӣ ва сохти конститутсионии кишвар пуштибонӣ намуда, алайҳи ноҳақиву ноҷавонмардӣ ва қонуншиканиҳо  ба мубориза бархост. 

Н. Ҳувайдуллоев, ки дар рӯзҳои вазнинтарин ва ҳассоси барои халқ тақдирсоз вазифаи масъулро ба уҳда дошт ва то рӯзҳои вопасини ҳаёташ барои сулҳу салоҳ ва зиндагии осоиштаи мардум мусоидат мекард, барои пайравони ТТЭ ҲНИ хуш намеомад. Зеро наҳзатиҳо намехостанд, ки чунин афрод пеши роҳи аъмоли ғайриқонунии онҳоро бигиранд. Аз ин рӯ, дар пайи нобуд кардани ӯ шуданд.
Ин қатл як қатли хунхоронаву золимона ва бераҳмона буд. Кушта шудани Н. Ҳувайдуллоев қатли шахсият набуд, балки як сӯиқасд ва куштори ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф дониста мешуд. Қотилони наҳзатӣ қалби инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон талош варзида буд, пора-пора карданд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ шаҳрвандон ба ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ихтиёриву ғайриихтиёрӣ шомил мешуданд. Собиқ Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамон замон нисбат ба онҳое, ки зери парчами демократия ҷамъ шуда, ба тахрибкорӣ машғул мегардиданд, гуфта буд: «Ман ҷонибдори бисёрҳизбиям. Ва ба он мақсад, ки ин ҳизбҳо дар роҳи ободии кишвари азизамон ва халқи он хизмат кунанд, одамонро бо обрӯ ва меҳнаташон ба роҳи нек ҳидоят карда тавонанд. Ҳар гуна ҳизбе, ки тибқи қонун амал кардан маромаш аст, албатта, эҳтироми умумро сазовор мешавад. Агар ба гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ, миллатгароӣ роҳ диҳад, ҳеҷгоҳ пойдор нахоҳад монд. Ва хоҳ нохоҳ, дучори нафрати халқ мегардад». Ҳамин тавр ҳам шуд. ТТЭ ҲНИ ба гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ, миллатгароӣ роҳ дода, пойдор намонд ва дучори нафрати халқ гардид. Дар асл, ҳамаи ҳизбҳо мебоист ба манфиати халқ, давлату миллат хизмат мекарданд. Аммо ТТЭ ҲНИ  ба ин риоя накард, аъзои ин ҳизб кӯшиш карданд, ки сохти конститутсионии давлатро сарнагун созанд.

Пуштибониву маблағгузорӣ ва ҳимоят аз ТТЭ ҲНИ дар ҷанги шаҳрвандӣ гарчанде бо шеваҳои пинҳонӣ роҳандозӣ мешуд, баъдан ошкор гардид, ки кишварҳои маълум дар қатли шахсиятҳои маъруфи кишвар, олимону донишмандон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ вакилони парлумон, докторону профессорон даст доштанд. ТТЭ ҲНИ аз холигии фазои эътиқодиву ноҷӯриҳои давлати тозаистиқлол истифода намуда, даст ба барангехтани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ зад. 

Яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш ба ҷаҳолат, хурофот  ва таассуб дода шудани аъзоёну пайравон, фаъолони ТТЭ ҲНИ ва рӯҳониён буд. ТТЭ ҲНИ барои ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундгароӣ ва терроризмро истифода бурда, фарзандони беҳтарини миллати тоҷикро ба қатл расонд, ки аз ҷумлаи онҳо Нурулло Ҳувайдуллоев мебошад. Ифротгароӣ сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа, бадандешӣ, кинаю адовати байни одамон гардида, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, устувории вазъи сиёсии ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод намуд. Садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла амалҳои террористӣ нисбат ба чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ маҳз аз ҷониби  ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд.

С. ОРИЁНФАР

БОЗЧОП: рузномаи «Ҷумҳурият»№: 166    Мутолиа карданд: 32

барчасп: