Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита бо овозхони маъруфи тоҷик

Ташкили барномаҳои адабиву мусиқӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончӣ, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита мулоқоти сарбозон ва афсарон дар доираи як барномаи адабиву мусиқӣ бо сарояндаи маъруфи эстрада Валиҷон Азизов баргузор шуд. Мулоқот бо овозхони шинохта дар остонаи ҷашни миллӣ – 27 солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид ва дар он бештар таронаҳои ватандӯстӣ ва савту навои муосири эстрадӣ садо доданд. Муовини Раиси Кумита полковник Ҷ.Маҳмадзода ин мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, гуфтанд, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо руҳи сарбозонро болида месозад. Валиҷон Азизов низ дар оғоз сарбозону афсаронро ба фарорасии 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, изҳор дошт: “мехоҳам дар оғоз ҳамаи шуморо ба ин ҷашн табрик кунам, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ орзу намоям. Таманноям ин аст, ки ҳамеша чунин болидаруҳу қавидил бимонед. Ин мулоқот дар фазои осоишу субот мегузарад ва ин ҳам як хизмати арзишманди Пешвои мост”. Сарбозону афсарон ҳам дар поёни мулоқот бо овозхони писандидаи худ ибрози ташаккур карданд ва барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд.
барчасп: