Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Идомаи сафари Пешвои миллат ба Ӯзбекистон

Сафари Пешвои миллат ба Ӯзбекистон идома дорад. Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар ин сафар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Бегоҳии рӯзи гузашта баъди анҷоми диду боздидҳои расмӣ Пешвои миллат бо ҳамроҳонашон дар барномаи ҳунарии “Шоми дӯстӣ” ҳузур ёфтанд ва суханронӣ карданд.

Субҳи имрӯз дидору мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд.

Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат

17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Боздид аз Намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон”

Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони  “Истеҳсоли Тоҷикистон” боздид карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеъи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати “Талко гуруҳ”, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ғайюр семент” ва “Моҳир семент”, Ширкати “Фароз”, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Шири Душанбе”, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ангишт”, “Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амирӣ”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маколли”, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Оби зулол”, инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаи саноати маъдан, хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба маъраз гузоштанд.

Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ ҳамчунин молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулотҳои дастранҷи  ҳунармандони мардумӣ ба Сарони давлатҳо муаррифӣ намуданд.

Тавре маълум аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 117 фоиз таъмин карда шуд.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркардашуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Дар намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ҳамчунин даҳҳо намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Истеҳсолоти саноатӣ - пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа мебошад.

Натиҷаи муҳими ин намоиш пеш аз ҳама дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифӣ кардани молу маҳсулоти хеш инчунин барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд.

Боздид аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника “Артел”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника “Артел” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд.

Шумораи коргарони корхона то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникиро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмуъ 500 номгуи маҳсулот бароварда мешавад.

Маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

Иштирок дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

18 август дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд. Дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов - ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкиими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мабрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Мулоқот бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов

18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ омили муҳим барои рушди муносибатҳои ду кишвар мегардад. Таъкид гардид, ки ҳамкории имрӯза бо сатҳу сифат ва рушди босубот дар ҳама соҳаҳо афзалияти бештарро касб мекунад, зеро он бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии барои ҳар ду ҷониб судмандро фарогир аст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла  ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаро дар самти қонунгузорӣ иброз доштанд.Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, инчунин амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд , зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

барчасп: