Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Украина

Созишнома
байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкори дар соҳаи огоҳонӣ
аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои он.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина, ки минбаъд

«Тарафҳо» ном бурда мешаванд:
бо дарки хатаре, ки барои ҳарду кишвар ҳолатҳои фавқулодда ба амал меорад:  эътироф кардани он, ки ҳамкорӣ дар соҳаи огоҳсози аз ҳолатҳои фавқулодда ва  рафъи оқибатҳои он ба осудаҳолӣ ва бехатарии ҳарду давлат судманд хоҳад буд:
бо дарназардошти манфиате, ки Тарафҳо аз ивази маълумотҳои илмӣ ва техникӣ дар соҳаи зикршуда ба даст меоранд:
бо дар назар гирифтани имконпазирии рӯҳ додани ҳолатҳои фавқулоддае, ки бо қувва ва воситаҳои як Тараф бартараф карда намешаванд, инчунин зарурати ба вуҷуд омадани ҳамоҳангсозии амали Тарафҳо бо мақсади огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо:
бо дастгирии кӯшиши СММ дар соҳаи огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои он; бо эҳтиром гузоштан ва дастгирӣ намудани меъёр ва ҳуқуқҳои дар чорчӯбаи ташкилотҳои мухталифи байналмилалии дахлдор мувофиқ мебошанд. ҳамчунин, бо кӯшиши мусоидат дар инкишофи қонунгузории миллӣ дар ин соҳа, ба мувофиқаи зерин расониданд:

Моддаи 1

Доираи истифодда

  1. Ин Созишнома асосҳо ва чорчӯбаҳои кӯмаки ҳамоҳангшудаи тарафайнро, ки аз ҷониби Тарафҳо ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва барои рафъи оқибатҳои онҳо расонида мешавад, муқаррар менамояд.
  2. Созишномаи мазкур дар мавриди руҳ задании ҳолатҳои фавқулодда ва барои рафъи оқибатҳои онҳо истифода бурда мешавад, дар сурате, ки Тарафҳо бо қуваи худ он ҳолатҳои фавқулоддаро бартараф карда натавонанд:

 

Мафҳумҳо

Истилоҳоте ки дар ин Созишнома истифода бурда мешавад мундариҷаи зеринро дорост:
Тарафи талабкунанда Тарафе, ки дархости расонидани кӯмак ба Тарафи дигар

муроҷиаит мекунад:
Тарафи пешниҳодкунанда Тарафе, ки дархости Тарафи дигарро дар хусуси

расонидани кӯмак қонеъ мегардонад:
гурӯҳи кӯмакрасон гурӯҳи мутахассисони пешниҳоднамудаи Тарафҳо, ки барои расонидани кӯмак ва таъмини таҷҳизоти зарурӣ пешбини шудаанд;

таҷҳизот- маводҳо, воситаҳои техникӣ ва нақлиёти, таҷҳизоти гурӯҳи кӯмакрасон ва таҷҳизоти шахсии аъзоёни гурӯҳ;
маводи кӯмак- воситаҳои моддӣ, ки барои ба таври ройгон дар байни аҳолии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида тақсим намудан пешбинӣ карда шудаанд; мақомоти салоҳиятдор- мақомоте, ки аз ҷониби Тарафҳо ҷиҳати татбиқи ин

Созишнома барои роҳбарӣ ҳамоҳангсозии корҳо, таъин карда мешавад;
давлати транзит- давлате, ки аз тариқи ҳудуди он, аз ҷумла фазои ҳавоӣ ва обҳои ҳудудии он гурӯҳҳои кӯмакрасон таҷҳизот ва маводи кӯмак ба кишвари сеюм дар асоси созишномаҳои байни ин кишварҳо дар соҳаи огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо, кашонида мешаванд.

Моддаи 3

Усулҳои расонидани кӯмак

 

  1. Тарафҳои ҳамкориро дар асоси муқаррароти ҳамин Созишнома, инчунин меъёр ва усулҳои эътирофгардидаи байналмиллалӣ, бо мақсади фавраи пешниҳод намудани маълумот ва кӯмаки дахлдор ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди руҳ додани онҳо амалӣ менамояд.
  2. Дар мавриди ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди давлати яке аз Тарафҳо ба амал омадааст, ин Тараф метавонад бо дархост дар бораи пешниҳод намӯдани кӯмак ба Тарафи дигар муроҷиаит намояд. Тарафи пешниҳодкунанда ба Тарафи талабкунанда бо қувва ва воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулодда пешбинӣ карда шудаанд, кӯмак мерасонад.
  3. Тарафҳо мутобиқи имкониятҳои худ ба якдигар кӯмак мерасонанд. Кӯмак ба таври ройгон расонида мешавад, агар аз ҷониби Тарафҳо мувофиқаи дигар нашуда бошад. 
  4. Тарафи талабкунанда шароити бе мамониат гирифтан ва тақсим намудани
    маводҳои кӯмакро фақат дар байни аҳолие, ки аз ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, таъмин менамояд.

 

Моддаи 4

Дархост дар бораи кӯмак ва иваз намудани маълумотҳо

1.Мақомоте, ки дархостҳоро барои пешниҳод намудани кӯмак дар мавриди руҳдодани ҳолатҳои фавқулодда ба амал мебароранд, Тарафҳо мебошанд.

  1. Кӯмак дар асоси дархости Тарафи талабкунанда бо нишондодҳои зерин расонида мешавад;

- ҷой, вақт, хусусият, миқёс ва вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамон лаҳза дар минтақаи ҳолати фавқулодда;

  • маълумот дар бораи чорабиниҳои расонидани кӯмак, ки анҷом дода шудаанд ва ё ба нақша гирифта шудаанд, афзалияти кӯмаки талабкардашуда;
  1. Тарафи пешниҳодкунанда дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дар бораи расонидани кӯма қарор қабул намуда, ба Тарафи талабкунанда дар бораи имконият, ҳаҷм ва шароити пешниҳоди он маълумот медиҳад.
  2. Маълумотҳои дар банди 2-и ин моддаи мазкур нишондодашуда пайваста барои инъикос намудани воқеаҳои охирин ва тағйирот дар вазъияти оперативӣ нав карда мешаванд.

 

Моддаи 5

Транзит

Тарафҳо, агар яке аз онҳо давлати транзит бошад, дар асоси дархост ва мутобиқи ин Созишнома тамоми дастгирии заруриро дар вақти тавассути ҳудуди худ гузаронидани гурӯҳи кӯмакрасон, таҷҳизот ва маводҳои кӯмак, таъмин менамоянд.

Моддаи 6

Мақомоти салоҳиятдор ва нуқтаҳои алоқа

1.Ҳар як Тараф як ё якчанд мақомоти салоҳиятдор, минбаъд “Мақомоти салоҳиятдор”-ро таъин менамояд (ва ё созмони медиҳад). Мақомоти салоҳиятдори ин Созишнома инҳо ба ҳисоб мераванд;

  • аз Тарафи Тоҷикистон – Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.
  • аз Тарафи Украина – Вазорати масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои ҳифзи

аҳолӣ аз оқибатҳои садамаи Чернобыл;

  1. Бе расонидани зарар ба қарордодҳои амалкунанда, ки дар сатҳи ду тарафа ва ё бисёр тарафа баста, шудаанд, ҳар як Тараф як ё якчанд нуқтаҳои алоқаро бо мақсади маълумот додан ва ё пешниҳодҳои кӯмак дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда муайян ё тайёр менамояд.
  2. Тарафҳо ба таври хаттӣ тавасути роҳҳои дипломатӣ дар бораи таъинот ва тағйиротҳои Мақомоти (мақомотҳо) салоҳиятдор, ҳамчунин нуқтаҳои алоқа якдигарро хабардор менамояд.
  3. Ҳар як Тараф амали муттасили Мақомоти салоҳиятдор ва нуқтаи алоқаи худро таъмин менамояд.

Моддаи 7

Гурӯҳи кории муштарак

1.Барои татбиқ намудани ин Созишнома Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо гурӯҳи кории муштаракро оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо созмон медиҳанд. Шароитҳо барои созмон додан ва амали гурӯҳи кории муштарак аз тарафи мақомоти салоҳиятдор муҳайё арда мешаванд.

2. Гурӯҳи кории муштарак ҷаласаҳои худро бо навбат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Украина, чун қоида, як маротиба дар як сол, ҳангоми зарурат бошад, бо маслиҳати мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, мегузаронад.

Моддаи 8

Ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии расонидани кӯмак ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда

1.Ҳамоҳангсозӣ, идоракунӣ ва роҳбарии умумӣ ба корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда, тавассути роҳбарони гурӯҳҳои кӯмакрасон, ба амал бароварда мешавад.

  1. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда ба роҳбарони ин гурӯҳҳо дар хусуси вазъияти дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ва дар маҳалли корҳои мушаххас баамаломада маълумот дода, ҳангоми зарурат ин гурӯҳҳоро бо тарҷумонҳо ва воситаҳои алоқа якҷоя бо ситодҳое, ки роҳбарии умумии корҳои ҷустуҷӯӣ, наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро анҷом медиҳанд, таъмин мегардонад.
  2. Таҷҳизонидани гурӯҳи кӯмакрасон барои пешбурди амалҳои мустақил дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда дар муддати 72 соат аз лаҳзаи ҳозир шудани онҳо бояд ба

дараҷаи кофӣ бошад. Дар мавриди зарурӣ таъминоти ин гурӯҳҳо бо таҷҳизоти лозимӣ аз тарафи Тарафи талабкунанда ба амал бароварда мешавад.

  1. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда ба гурӯҳҳои кӯмакрасон посбонҳо, хизматрасонии тибии ройгон, хӯрокворӣ ва манзил пешниҳод намуда, ҳамчунин аъзоёни

гурӯҳҳоро бо ашёҳои истифодаи шахсӣ дар ҳолати ба охир расидани захираҳо таъмин менамояд.

Моддаи 9

Тартиби убур намудани марзи давлати ва қоидаҳои ҳозир шудани гурӯҳи кӯмакрасон.

  1. Бо мақсади таъмини самарабахш ва фаври гурӯҳи расонидани ёрманди марзи давлатиро бо тартиби осон карда шуда аз таъриқи нуқтаҳои марзи давлати ҳангоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда шахсияти ҳар як аъзои гурӯҳ, убур мекунад. Роҳбари гурӯҳ ва мақомоти назорати дар нуқтаи убуркунии сарҳад ҳуҷҷати аз тарафи мақомоти салоҳиятдори

тарафҳо пешниҳодшуда, ки самти ҳаракати гурӯҳро ҷиҳати расонидани кумак тасдиқ мекунад ва руйхати шахсони дар ҳайати гурӯҳ шомилбударо пешниҳод менамояд.

  1. Тартиби тавассути сарҳад гузаронидани гурӯҳҳои кинологӣ ва тартиби иқомати онҳо дар ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда тибқи қоидаҳои карантиние, ки дар ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда амал мекунад, муқаррар карда мешавад.
  2. Аъзои гурӯҳи кӯмакрасон ҳангоми иқомат дар ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда ӯҳдадоранд, ки қонунгузории ин давлатро риоя намояд. Ҳамзамон, онҳо дар доираи ҳуқуқи давлати Тарафи пешниҳодкунанда дар соҳаи қонунгузории меҳнатӣ ва масоили вобаста ба он, амал менамояд.
  3. Нисбати ҳарбиёне, ки ба ҳайати гурӯҳи гурӯҳи кӯмакрасон шомиланд, қонунгузории амалкунандаи давлатӣ. Тарафи пешниҳодкунанда, ки ҳолати хизматчии ҳарбиро ба танзим медарорад, татбиқ карда мешавад.
  4. Аз як ҷо ба ҷои дигар кучонидани гурӯҳи кӯмакрасон, кашонидани таҷҳизот ва маводҳо ба воситаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ё роҳи ҳавои ба амал бароварда

мешавад. Тартиби истифода: намудҳои зикршудаи нақлиёт ҷиҳати расонидани кӯмак аз тарафи мақомоти салоҳиятдорӣ тарафҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 10

Ворид намудан ва хориҷ кардани таҷҳизот ва маводҳои кумак.

1.Таҷҳизот ва маводҳои кӯмак ҳангоми ворид намудани онҳо ба ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда аз пардохти андоз ва буҷат озод карда шуда, бояд дар мавриди амалиётҳо оид ба расонидани кӯмак истифода ё тақсим карда шавад, ё ин ки баъди ба

охиррасии амалиётҳо аз ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда бароварда шаванд. Агар дар

доираи ҳолатҳои махсус хориҷ кардани таҷҳизот ва маводҳои кӯмак имконпазир ва ғайримақсаднок бошад, онҳо бояд ба мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда, тибқи шартҳои мувофиқшуда супорида шаванд.

  1. Гуруҳҳо оиди расонидани ёрӣ тайёр аз ҳолатҳои таҷҳизонидан ва маводҳои ёрӣ, ки ба онҳо нисбати дохил намудани манъ ва маҳдуди пешбини нашудааст ҳуқуқ надоранд.
  2. Маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ танҳо ба миқдоре,ки барои пешниҳод намудани кӯмаки тиббӣ заруранд, мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ворид кардан мумкин аст. Танҳо ҳайати кормандони мутахассиси соҳаи тиббӣ тибқи қоидаҳои муқарраргардида ҳуқуқи аз онҳо истифода намуданро доранд. Дар ин ҳолат роҳбари гурӯҳи

кӯмакрасон ба мақомоти гумрӯкӣ декларатсияи мавҷудияти маводи нашъаовар ва мадҳушкунандаро бо нишондоди рӯйхат ва миқдори онҳо, пешниҳод менамояд.

  1. Мақомоти дахлдори Тарафи талабкунанда ҳуқуқи назоратнамудан аз рӯи истифода ва нигоҳдории маводи дар боло зикршударо дорад.
  2. Маводи нашъаовар ва моддаҳои психотронӣ истифоданашуда бояд аз ҳудуди

давлати Тарафи талабкунанда бароварда шаванд. Баъди анҷоми кор бояд дар бораи маводҳои истифодашуда санад тартиб дода нашавад, ки он аз тарафи роҳбар ва духтури гурӯҳи кӯмакрасон ба имзо расида, аз тарафи намояндаи мақомоти салоҳиятдор барои

пешниҳод намудан ба мақомоти гумрукии Тарафи талабкунанда тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 11

Нақлиёти ҳавоӣ

  1. .Мақомоти салоҳиятдори Тарафи пешниҳодкунанда ба Мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда дар бораи ҳалли масъалаи истифодаи нақлиётӣ ҳавоӣ барои расонидани кӯмак, бо муайян намудани хати парвози пешбинишуда, ҷои фуруд омадан,

намуд ва нишонаҳои фарқкунандаи нақлиёти ҳавоӣ, шумораи аъзоёни экипаж, хусусияти

бор, ҷадвали парвоз маълумот дода, рӯйхати мусофирон ( кормандон, ҳайати техникӣ, рӯзноманигорон ва ғ.)-ро пешниҳод менамояд.

  1. .Парвози нақлиёти ҳавоӣ бояд мутобиқи қоидаҳои аз тарафи Ташкилоти

байналхалқии авиатсияи гражданӣ (САО) ва ҳар кадоми Тарафҳо муқарраргардида анҷом дода шавад.

  1. Тарафи пешниҳодкунанда аз пардохти барои парвоз. фуруд омадан, истодан дар фурудгоҳ ва парвоз аз онҳо бо нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин аз хизматрасонии радионавигатсионӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба татбиқи ин Созишнома алоқамандбуда,

озод карда мешавад. Ин хароҷотҳоро мақомоти салоҳиятдори тарафи талабкунанда ба зиммаи худ мегирад.

  1. Масъалаҳои намудани хароҷотҳои сузишвори ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоиро ҳангоми расонидани кӯмакро Тарафҳо дар алоҳидагӣ дар ҳар як мавриди мушаххас ҳад менамояд.

Моддаи 12

Ҷуброни хароҷот

  1. Тарафи талабкунанда метавонад ҳар лаҳза дархости худро дар бораи ба ӯ
    пешниҳод намудани кӯмак тағйир диҳад. Тарафи талабкунанда хабар медиҳад, аммо дар ин ҳолат Тарафи пешниҳодкунанда барои талабнамудани товони хароҷотҳои худ ҳуқуқ дорад.
  2. Тарафи пешниҳодкунанда аъзои гурӯҳи кӯмакрасонро сугурта менамояд.

Хароҷотҳои ба расмият даровардани сугурта ба хароҷотҳои умумии расонидани кӯмак дохил мешаванд.

  1. Баъди анҷом ёфтани кор Мақомоти салоҳиятдори Тарафи пешниҳодкунанда фавран, ба таври хаттӣ, дар бораи ҳаҷми кӯмаки пешниҳодгардида ба Мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда маълумот медиҳад.
  2. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи талабкунанда ба Мақомоти салоҳиятдори Тарафи

пешниҳодкунанда оид ба хусусиятҳо ва сабабҳои ҳолатҳои фавқулодда, намуд ва ҳаҷми кӯмаки пешниҳодгардида ва натиҷаҳои корҳои иҷрошуда ахбори хулосави манзур менамояд.

Моддаи 13

Ҷуброни зарар

  1. .Дар ҳолати расидани зарар ба саломатии узви гурӯҳи кӯмакрасон ё марги ӯ, ки ба

иҷрои татбиқи ин Созишнома вобастааст. Тарафи пешниҳодкунанда тамоми хароҷоти зарарро ба зиммаи худ мегирад.

  1. Агар аъзон гурӯҳи кӯмакрасон ҳангоми иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ин Созишномаи мазкур дар ҳудуди давлати тарафи талабкунанда, ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ зарар расонад, пас Тарафи талабкунанда онро мутобиқи муқаррароти қонунгузорие, ки дар

ҳолати расидани зарар аз ҷониби шаҳрвандонаш дар ҳолати расонидани ёрӣ татбиқ карда мешавад, пардохт менамояд.

  1. Агар зарар аз Тарафи аъзоёни гурӯҳи кӯмакрасон қасдан ё аз рӯи беэҳтиётӣ

расонида шавад, пас Тарафи пешниҳодкунанда тамоми хароҷотҳоро дар ҳолате, ки ин далел аз тарафи суди миллии Тарафа талабкунанда исбот мегардад, пардохт менамояд.

Моддаи 14

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва миллӣ

Тарафҳо дар асоси мувофиқати якҷоя метавонад ташкилҳои манфиатдори байналхалқӣ ва миллиро ба чорабиниҳое, ки ба татбиқи ин Созишнома вобастаанд, ҷалб намоянд.

Моддаи 15

Робита бо дигар Созишномаҳои халқӣ

Ин Созишнома ба ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Тарафҳо, ки дар Созишномаҳои байналхалқии онҳо пешбинӣ шудаанд, дахолат намекунанд.

Моддаи 16

Ҳалли баҳсҳо

Тамоми баҳсҳои марбут ба шарҳ ё истифодаи ин Созишнома бо роҳи гуфтушуниди байни Тарафҳо, аммо дар ҳолати зарурӣ бо роҳи дипломатӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 17

Тағйирот ва иловаҳо ба Созишнома

Ҳар як Тараф метавонад тағйироту иловаҳоро ба ин Созишнома пешниҳод намояд,

ки дар шакли протокол ба танзим дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи ин Созишнома ба ҳисоб меравад. Протоколҳои зикршуда мутобиқи муқаррароти моддаи 18 Созишнома эътибор пайдо мекунанд.

 

Моддаи 18

Муқаррароти хотимавӣ

1. Ин Созишнома ба муддати номаҳдуд баста шуда, аз таърихи додани огоҳномаи

хаттии охирин оид ба иҷрои расмиятҳои дохилидавлатии Тарафҳо, ки барои мавриди амал қарор гирифтани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

  1. .Амали Созишномаро метавонад ҳар кадоме аз ҷониби Тарафҳо қатъ намояд. Амали Созишнома баъд аз 6 моҳ аз таърихи гирифтани огоҳномаи хаттии яке аз Тарафҳо доир ба нияти қатъ намудани амали Созишнома, қатъ мегардад.

 

3. Муқаррароти ин Созишнома нисбат ба ӯҳдадориҳое, ки дар асоси он ба миён омадаанд ва дар лаҳзаи қатъ намудани амали он иҷро нашудаанд, то иҷрои пурраи чунин

ӯҳдадориҳо идома меёбад.

 

Дар шаҳри Киев “ 06” декабри соли 2005 дар ду нусха ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва русӣ таҳия шуда. Ҳама матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар шарҳ ва истифодаи муқаррароти ин Созишнома матни забони русӣ афзалият дорад.

 

Аз тарафи Ҳукумати                                                        Аз тарафи Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Украина