Хабарҳои нав аз шаҳри Тошкент

Имрӯз дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъвати ташриф ва анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Сипас муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб муҳокима карда шуданд.  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд. Таъкид гардид, ки “Равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд”.

“Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгуйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад” - таъкид доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст. “Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст”, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин замина, изҳори эътимод карда шуд, ки намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат мегиранд, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.

Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад” - таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти вусъати минбаъдаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд.

Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо карданд.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо шуд:

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии  Ўзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон “УзА”;

- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;

- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ;

- Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Aкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмиву техникӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020;

- Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба корҳои ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба васлу насби техникаи кишоварзӣ байни Корхонаи Воҳиди Давлатии “Коргоҳи мошинсозӣ” - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии “Узагротехсаноатхолдинг”;

- Протокол оид ба мубодилаи ёддоштҳо дар хусуси ратификатсияи Шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ  аз 12 феврали соли 2002;

- Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва  робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ӯзстандарт);

- Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат;

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ташаккур, муҳтарам Шавкат Миромонович,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ӯзбекистони бародар самимона ва сидқан изҳори миннатдорӣ намоям.

Мо аз ин сафар бениҳоят хушнудем ва ба натиҷаҳои он аҳамияти махсус медиҳем.Тавре аллакай зикр гардид, аз рӯи натиҷаҳои музокироти имрӯза мо қарорҳои дорои аҳамияти таърихӣ қабул намудем.Ин қарорҳо заминаи пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳ ва шакли сифатан нав муайян мекунанд.

Аз ҷониби худ, ҳамчунин мехоҳам аҳамияти бузурги бастаи санадҳои имрӯз баимзорасидаро, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷанбаамонро васеъ мегардонад, зикр намоям. Дар байни онҳо, санади калидӣ ва заминавӣ – Созишнома оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Қарор дар бораи ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ баровардани ҳамгироии байнидавлатиамон комилан натиҷаи қонунӣ ва мантиқии тағйироти бузурги мусбии муносибатҳоямон мебошад.

Дар робита ба ин, мехоҳам талошҳои дуҷонибаи тарафҳоро ҷиҳати  татбиқи амалии қарорҳое, ки зимни сафари таърихии муҳтарам Шавкат Миромонович ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон қабул шудаанд, махсус зикр намоям.

Натиҷаҳои он омили муҳими рушди босуръати тамоми маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли нав гардиданд. Ба ин асосан ҳалли маҷмӯии масъалаҳои муҳим ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаамон мусоидат карданд. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳоямон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзуд. Танҳо дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории ҷонибҳо, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз шашсад  миллион доллари америкоӣ ба имзо расид.

Имрӯз қисме аз онҳо, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар самти интиқоли нерӯи барқу газ ва дар бахши молиявии ҷонибҳо дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор доранд. Итминон бар он дорам, ки натиҷаҳои намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ва форуми соҳибкории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон низ, ки дар доираи сафари мо баргузор мешаванд, чунин самарабахш хоҳанд буд. Бо фароҳам овардани шароити мусоид барои рафту омади озоди шаҳрвандон шумораи сафарҳои мутақобила ба таври назаррас зиёд гардид.

 Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро беш аз як миллион нафар шаҳрвандони кишварҳои мо ва дигар кишварҳо гузаштаанд. Ҷониби Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар роҳи фароз дар шакли  сифатан нави муносибатҳои дуҷониба мунтазам ба пеш равад. Дар ин росто, мо ба иқдомҳои муштараки минбаъда, ки ба таҳкими натиҷаҳои амалии дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ бадастомада равона гардидаанд, изҳори ҷонибдорӣ намудем.

Ин, аз ҷумла, ба соҳаҳои заминавии иқтисодию тиҷоратӣ низ вобаста аст.Дар робита ба ин, ба диверсификатсияи минбаъдаи номенклатураи гардиши савдои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Ба масъалаҳои беҳтар гардонидани шароит барои амалиёти содиротию воридотӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли муштарак ва ҳамкории сармоягузории ду кишвар таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд. Зимни музокирот мо муҳимияти идома додани кори муштаракро дар самти беҳтар намудани шароит барои истифодаи мутақобилан судманди иқтидори транзитӣ-нақлиётии ҷонибҳо таъкид доштем.

Дар ин замина, тадбирҳои андешидаи ҷонибҳо барои таҳким ва нигоҳдории фаъолии механизмҳои ҳамгироии мутақобилаи дуҷониба комилан саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Фикр мекунам, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд такондиҳандаи қабули қарорҳои таъхирнопазир оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо гардад.

 Дар самти ҳамгироӣ ва робитаҳои мустақими шаҳрҳо ва вилоятҳои ҳарду кишвар захираҳои бузург мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, мо ба имзо расидани созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни мақомоти маҳаллии вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё, инчунин вилоятҳои Суғд ва Самарқандро истиқбол менамоем. Мо бо Шавкат Мирононович муҳимияти ҳамкории минбаъдаи созандаро дар самти истифодаи захираҳои об ва энергитика зикр намудем.

Муносибатҳои байнидавлатӣ муваффақ буда наметавонанд, агар онҳо ба робитаи байни одамони оддӣ ва муоширати инсонӣ мусоидат накунанд. Бо назардошти самараи мусбии ҷорӣ намудани расмиёти содагардонидашудаи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, мо доир ба либерализатсияи минбаъдаи низоми сафарҳои мутақобила байни ду давлат изҳори назар кардем. Муҳимияти таъмини кори мураттабтари сохторҳои дахлдори сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рафту омади озоди мардум, сармоя, мол ва хизматрасониҳо зикр карда шуд.

Моро далели густариши робитаҳо ва мушаххасоти пурғановати онҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ хушҳол месозанд. Мубодилаи ҳайатҳои эҷодӣ, иштироки мутақобила дар фестивалҳо, конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳое, ки дар ду кишвар баргузор мегарданд, анъанаи нек мегардад. Ҳамаи ин ба таҳкими ҳусни тафоҳуми мардумонамон ва  наздикшавии минбаъдаи онҳо мусоидат мекунад.

Таъкид шуд, ки дар ин раванд ҷамъиятҳои тоҷикону ӯзбекони дар қаламрави ду кишвар зиндагидошта нақши муҳим мебозанд. Дар ин замина, мо муҳимияти андешидани тадбирҳои амалӣ оид ба масъалаи вусъат додани шабакаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои азхудкунӣ ва таълими забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мутаносибан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таъкид намудем.

Дар доираи сафар созишномаи муҳим-дар бораи эътирофи мутақобилаи санадҳои намунавии давлатӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид. Ин иқдом роҳро ба сӯи густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илм боз мекунад. Мо ба ҳайси шарикони стратегӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии зичтарро дар соҳаи амният ва мудофиа ҷонибдорӣ намудем. Ҷонибҳо ба муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, зуҳуроти идеологияи ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард.

Дар ин росто, масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои имзошуда оид ба ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амният ва идораҳои мудофиа дар мадди назари ҷонибҳо хоҳанд буд. Мо ҳамкориҳои натиҷабахшро дар ин самтҳо чун омили пойдории сулҳу субот дар кишварҳоямон ва дар тамоми минтақа мешуморем. 

Барои мо ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар соҳаи дипломатияи  бисёрҷониба низ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Мо азм дорем, ки кӯшишҳои бештарро барои наздикшавии минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба роҳ мондани тамоюли мусбат оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ба харҷ диҳем. Тоҷикистон ҳамчун ҷонибе, ки ҳамеша барои муколамаи созанда дар ин масоил кушода аст, ташаббуси Шавкат Миромонович доир ба гузаронидани мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон соли оянда дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзро ҷонибдорӣ менамояд. Зимни муҳокимаи мавзӯи Афғонистон дар рафти музокирот мо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Афғонистонро, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Тошканд доир шуд, баланд арзёбӣ намудем.

Дар ин замина мо амалҳои минбаъдаи муштаракро, ки ба мусоидати ҳамаҷонибаи раванди сулҳҷӯёна ва сулҳофари минбаъда дар ин кишвари ба мо ҳамсоя равона шудаанд, ҷонибдорӣ намудем. Мо муваффақиятҳо ва дастовардҳои Ӯзбекистонро доимо пайгирӣ менамоем, аз онҳо самимона хушҳолем ва эҳсоси ифтихор аз бародарони ӯзбек дорем. Ҷониби Тоҷикистон аз суръати рушди шарикии ду кишвар, ки бо шарофати робитаҳои доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи баланд ба дараҷаи назаррас расидааст, қаноатманд мебошад. 

Мо дар оянда низ муколамаи боэътимоди зичи байнидавлатиро дар ҳама сатҳҳо ва шаклҳои гуногун вусъат хоҳем дод. Ман бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёевро даъват намудам, ки дар дилхоҳ фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар шахсияти Шумо ба мардуми бародари Ӯзбекистон барои истиқболи хосатан гарму самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавии ӯзбекӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.        

Дар фарҷоми суханронии худ, мехоҳам иқдоми неки маънавӣ ва фарҳангии бародарам, муҳтарам Шавкат Миромоновичро идома диҳам. Тавре дар урфият мегӯянд, як китоби хуб беҳтар аз як хазинаи бузург аст. Аз ин рӯ, мехоҳам дурдонаҳои адабии классикони адабиёти тоҷику ӯзбек ва инчунин нависандагону шоирони муосирро ба Шумо ҳадя намоям. Инҳо маҷмӯаҳои «Гулбоғи ошно», «Рӯдакӣ», «Армуғони дӯстӣ» ва ҳамчунин маҷмӯаи асарҳои Алишер Навоӣ – «Чашмаи хирад» мебошанд.

Ин китобҳо, фикр мекунам, ба Шумо писанд меоянд ва манфиати зиёд ба бор хоҳанд овард.

барчасп: