Ду мулоқоти судманди Назарзода дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва  техногенӣ дошта ва дар партави иҷрои қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаи Гурӯҳи  арзёбиҳои  фаврӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ), ки дар охири моҳи апрели соли равон  баргузор гашта буд,  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  бо роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.

Дар дидор бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷаноби  Хоакин Торо Рустам Назарзода ӯро бо самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита дар татбиқи он дар ҷараён гузошт.

Ҷонибҳо масоили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими имкониятҳои мавҷудаи Маркази таҳлилӣ- иттилоотӣ ва Маркази наҷотдиҳии Кумита, таҳия ва таҷҳизи Маркази идоракунии вазъи бӯҳронӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин пешниҳодҳои Кумитаро  барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баррасӣ намуданд.

Дар мулоқоти Раиси Кумита бо Кордори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаши Камада  механизмҳои татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон «Таҳкими иқтидори паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва эътинои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин тарҳ аз ҷониби  Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки  дар заминаи  Маркази таълимии Кумита Маркази байналмилалии омӯзишӣ барои таълим ва бозомӯзии кормандони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя таъсис дода шавад.

Раиси Кумита ба дипломати Ҷопон барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, ба муҳим будани лоиҳаи муштарак таъкид кард. «Татбиқи ин лоиҳа кӯмаки воқеӣ ба аҳолӣ хоҳад шуд, ки вазифаи асосии мо низ аз ҳамин иборат аст», - гуфт Рустам Назарзода.

Дар фарҷоми вохурӣ ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар ин самт таъкид карданд.