Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Шумори ҳалокшудагони заминларзаи Индонезия ба 347 нафар расид

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷазираи Ломбоки Индонезия 347 нафар ба ҳалокат расиданд. Корҳои наҷоти зиндамондагон дар вайронаҳо идома доранд. Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар ин заминларза ҳудудан 100 нафар ҷон бохтанд.

Рӯзи 8 августи соли равон Агентии милии бартарафсозии офатҳои табии Индонезия дар бораи ҳалокати 131 нафар хабар дод ва ҳамчунин гуфта мешуд, ки 1477 нафар бо ҷароҳатҳои басо ҷиддӣ бистарӣ шудаанд. 

Дар айни замон корҳои наҷот идома доранд ва мақомот гуфтаанд, ки ҳатто техникаи вазнин барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза истифода мешавад. Кормандони тибб мегӯянд мушкил он аст, ки ҳатто сахт ҷароҳатдидагон майли онро надоранд, ки барои муолиҷа дар дохили бино монанд. Тарси сар задани заминларзаи нав онҳоро тарк намекунад. 

Баъди заминларза бештар аз 156 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ хонаҳои худро раҳ карда ба гӯшаҳои амнтар ва дур аз маркази ларзиш рафтанд. Бино ба иттилои Агентии бартарафсозии оқибати офатҳо дар ин такони шадиди замин бештар аз 42 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Теъдоди ҳалокшудагон аз ҳисоби маҷрӯҳон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Наҷотдиҳандагон ба умеди пайдо кардани зинда мондагон дар зери вайронаҳо корҳои фаврии наҷотро ба роҳ мондаанд. Намояндаи Агентии миллии бартарафсозии оқибатҳо офот Сутопо, Пурво Нугрохо гуфтааст, ки аз маҳалли ҳодиса бештар аз 70 ҳазор нафар интиқол дода шуданд. 

Дар рустоҳои вайроншуда мардум ба табибон, маводи ғизоӣ ниёз доранд. Гуфта мешавад, ки баъзе деҳаҳо пурра валангор шудаанд, ҳамаи хонаҳо фурӯ рафтаанд, роҳҳо хароб шудаанд, пулҳо дарҳам рехтаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин заминларза бо қувваи аз 6,9 то 7 балл рӯзи 5 август рух дод. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба   Президенти  Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуда буданд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд:

Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези  бар асари силсилаи заминларзаҳои шадид  дар кишвари Шумо ба ҳалокат расидану  ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва харобиҳои зиёди моддӣ боиси андўҳи бузурги мо гардид.

барчасп: