РӮ БА ШАРҲ...: Хабардоркунии аҳолӣ ҳангоми хатар ва сар задани ҳолатҳои фавқулодда

Дар низоми фаъолияти имрӯзаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт расонидани иттило аз хатари қарибулвуқӯъ нақши муҳим доштаву дорад. Расонидани хабари фаврӣ аз таҳдиди хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ, дар бораи қоидаҳои рафтори аҳолӣ ва зарурияти гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз хатар сабабгори коҳиши зарар ва хатари офатҳо мешавад.

Табиист, ки барои хабардоркунии фаврии аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, воситаҳои алоқаи ҳозирзамон зарур мебошанд. Ин имкон хоҳад дод, ки мақомоти ҳокимият, аҳолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ оид ба сар задани ҳолатҳои фавқулодда сари вақт огоҳ карда шаванд. Барои ин Кумита  тамоми воситаҳои алоқаи хаттӣ, радиовӣ ва телевизионӣ, инчунин моҳворавӣ ва алоқаи мобилиро истифода менамояд.

Маҷмўи воситаҳои алоқа шароити мусоид барои хабардоркунии аҳолӣ оид ба рух додани ҳолатҳои фавқулоддаро муҳаё месозад ва имкон медиҳад дарҳол оид ба ҳодисаи рухдода одамон огоҳи ёбанд, қоидаҳои рафтор ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда фаҳмонида шавад.

Айни замон Кумита низоми хабардоркунии қаблииро ба шеваи низоми пешини хабардоркунии кўли Сарез ташкил кардааст, ки ба василаи он аҳолии минтақаҳо аз ноҳияи Рушони ВМКБ то Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлонро дар бар мегирад. 

Инчунин, бо истифода аз воситаҳои алоқаи радиовӣ дар ҳавзаи дарёи Оқсуи вилояти Хатлон низоми хабардоркунии қаблӣ ташкил карда шудааст.

Барои хабардоркунии фаврии аҳолӣ оид ба ҷараёни сел, тарма, садамаҳо дар қубурҳои обгузар  ва дигар иншоотҳо айни замон низоми иттилоърасонии ҳудудӣ дар ҳоли ташкил шудан аст.

Бартарии асосии  низоми хабардоркунии ҳудудӣ – фаврияти онҳо мебошад, ки дар шароити садама ва фалокатҳо ниҳоят заруранд.

Бо дастгирии як қатор ташкилотҳои байналмиллалӣ чунин низоми хабардоркунии ҳудудиро Кумита дар ноҳияи Панҷакент ва як гурўҳ ноҳияҳои Рашт ташкил намуд.

Дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии “Мегафон” корҳо оид ба ташкили низомҳои иловагӣ дар қитъаҳои эҳтимолияти минтақаи хавфдошта, идома дорад.

Қисмати асосии чунин низомҳо таҷҳизоти IT-70 мебошад, ки ишора бо тариқи GSM ба ҳисобкунандаи баландгўяк равон мешавад ва СМС паём ба аҳолии дар минтақаи хавфнок зиндагӣ менамоянд расонида мешавад.

Барои хабардоркунии саривақтии аҳолӣ оид ба шароити обу ҳаво ва дастрасии шоҳроҳҳо дар ҷумҳурӣ, Кумита бо тамоми интиқолдиҳандагони алоқаи мобилӣ  ҳамкорӣ менамояд.

Дар оянда Кумита ба нақша гирифтааст низоми мукаммали хабардоркунӣ ва иттилоотонии аҳлолиро ташкил намояд, ки он ҳудуди пурраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

барчасп: