Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо Директори дафтари намояндагии Швейсария дар Тоҷикистон

Рустам Назарзода ва хонум Валбург Росс   ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Кумита ва Дафтари намояндагии Швейсария дар Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенант Рустам Назарзода Директори дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбург Россро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот рушди ҳамкориҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин татбиқи минбаъдаи лоиҳа оид ба кӯли Сарез, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон мавриди сӯҳбат қарор гирифт.

Раиси КҲФ бо зикри сатҳи олии ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон ва Швейсария дар бораи кори раёсатҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ нақл кард.

Хонум Рос бо изҳори ташаккур аз қабули гарм ва суҳбати муфид фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро баланд арзёбӣ кард. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Кумита ва Дафтари намояндагии Швейсария дар Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.