Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Пешгирӣ аз хатар ва суҳбатҳо аз амнияти истироҳаткунандагон

Тобистони гарм беш аз ҳар вақти дигар сокинони кишварро ба сӯи махзанҳои об тела медиҳад. Фасли гармо фасли оббозиву шиноварист ва имрӯз дар гӯшаву канори кишвар ҳазорон нафар талош мекунад рӯзҳои гармро дар соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо, ҳавзҳои шиноварӣ гузаронанд. Вале ҳузури густардаи мардум дар ин гуна мавзеъҳо баъзан хатарҳое ҳам ба дунбол дорад, ки аз риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд.

Бо мақсади миёни мардум роҳандозӣ кардани корҳои таблиғӣ ҷиҳати риояи ин гуна қоидаҳо  кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар махзанҳои оби «Душанбе», «Варзоб», «Кӯли ҷавонон», «Чорбоғ» як силсила рейдҳо анҷом доданд ва дар ҷараёни он бо истироҳаткунандагон суҳбатҳое дар мавриди ҳифзи саломативу амният анҷом доданд.  Ва тибқи нақша ин гуна чорабиниҳо то ба анҷоми мавсими оббозиву шиноварӣ дар сар то сари қаламрави кишвар муттасил гузаронида хоҳанд шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия медиҳад, ки одитарин қоидаҳои бехатрӣ дар об, ки вайрон кардани он сабабгори хатар ба ҷони шумо ва атрофиёни шумо мегардад, фаромӯш накунед:

- дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед, чун мавзеъро намедонед, ба об ғӯта назанед, дур аз соҳил шино накунед;

- бо бистарҳои дамдодашуда ва резинӣ аз соҳилҳо дур наравед;

- дар наздикии обпартоҳо, шлюзҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии обсабзаҳо, дар наздикии воситаҳои шиноварӣ шино карданд мумкин нест; 

- дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб оббозӣ накунед;

- ба бачаҳои худ хатман шиновариро омӯзед, онҳоро дар об ва дар назди махзанҳои об бе назорат нагузоред;

- кӯдаконро дар махзанҳои об ҳамроҳӣ кунед;

- дар обҳо ҳар гуна бозиҳо манъ аст;

- дар оби сард муддати дурудароз шино кардан мумкин нест;

- ҳангоми тӯфон ва раъду барқ низ оббозӣ кардан мумкин нест.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани хатар ва ҳолати фавқулодда шаҳрвандон метавонанд бо телефонии «112» ва ё ба Қисми навбатдории Кумита бо шумораи  223 13 11 занг зананд.

барчасп: