Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси дуюми осиёии вазоратии коҳиши хатари офатҳо

Аз 3 то 6 – уми июли соли 2018 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар дуюмин Конфронси осиёии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор шуд, ширкат намуд.

Конфронс таҳти шиори “Ҳимояи дастовардҳои рушди устувор аз роҳҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ бештар аз 3 ҳазор нафар шахсони расмӣ ва коршиносон аз 50 кишвари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро гирди ҳам овард, ки дар миёни онҳо ноибони сарвазирони ҳукуматҳо, намояндагони парламон, вазирон ва роҳбарони идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ буданд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кори конфронс намояндагони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд. 

Зимни суханронии худ Сарвари КҲФ дар бораи дастовардҳо аз натиҷаи татбиқи барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон ҳарф зад, аз ҷумла ба нақши ҳамоҳангсозандаи Платформаи миллӣ дар ин самт таъкид намуд. 

Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2018-2030 гурӯҳи корӣ таъсис шудааст ва қабули он барои татбиқи вазифаҳои асосӣ ва муҳими Барномаи қолабии Сендай имкон фароҳам хоҳад овард. 

Дар доираи ширкати худ дар Конфронс Раиси КҲФ бо намояндаи махсуси  Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши зарари офатҳо хонум Мами Мизутори, Директори Агентии миллии раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон ҷаноби Т. Бадрал, ҷонишини якуми Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷаноби А.Қулдошев, котиби Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, ҷаноби А.Мамбетов ва сарвари Агентӣ оид ба идораи офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Наҷиб Оғо Фаҳим мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои иҷрои Барномаи қолабии Сендай ва моноторинги он, ҳамкориҳои дуҷониба ва наздисарҳадӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди сӯҳбат қарор гирифтанд. Ҳамчунин масъалаҳои баргузории ҷаласаҳои муштараки дуҷонибаву сеҷониба, имзои муоҳадаҳо ва ёддошти тафоҳумҳои дуҷонибаи ҳамкориҳо низ баррасӣ гардиданд. 

Ширкаткунадагони конфронс ҳамчунин мавзӯъҳои муҳиме чун устувории инфрасохторҳо ба офатҳо, ҳамкориҳо миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар коҳиши хатари офатҳо, гендер, омодагиҳо ва дарки хатарҳо, афзудани сармоягузориҳо ва ғайра табодули афкор намуданд.  

Дар ҷамъбасти конфронс Эъломияи Улан-Батор ва Нақшаи амал барои солҳои 2018-2020  дар минтақи Осиё ва Уқёнуси Ором дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2015-2030 қабул гардид. Ҳамчунин қарор шуд, ки мулоқоти оянда соли 2020 дар Австралия баргузор шавад.