Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Фоҷеаи рӯз: Ҳалокати 5 нафар дар об

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар обҳои кишвар панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, ки се нафари онҳо бачаҳои ноболиғ ва поин аз синни 16 будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ҚОИДАҲОИ ШИНОВАРИРО НАДОНИСТА, ВОРИДИ ОБҲОИ СЕРҶАРАЁН НАШАВЕД! Тобистони Шумо бояд амният дошта бошад. Тансиҳативу осудагии Шумо дар дасти худи Шумост!

 Аксари касоне, ки ба соҳили рӯдхонаву дигар махзанҳои об мераванд, бо одитарин қоидаҳои шиноварӣ ошно нестанд. Вале мутаассифона, худро ба об мезананд ва агар каме пештар раванд, хатар ба ҷонашон таҳдид мекунад. Ин ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни мардум корҳои таблиғӣ роҳандозӣ мекунанд ва одамонро бо қоидаҳои шиноварӣ ошно месозанд, хатар ҳамоно боқӣ мемонад. 

Зарфи як шабонарӯзи гузашта аз сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 5 тан дар обҳои кишвар ба ҳалокат расиданд, ки мутаассифона 3 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола буданд. Беназоратии волидону калонсолон сабабгори аслии марги ноболиғон шудааст. Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба макони фоҷеа эъзом шуданд. Ҷасади ғарқшудагон пайдо ва ба мақомоти дахлдор ҷиҳати таҳқиқу тафтиш ва муайян кардани сабаби ғарқшавӣ супурда шуданд. 

Сабабҳои аслии дар об ғарқ шудани одамон ҳамоно оббозӣ дар маконҳоест, ки аслан вуруд ба об манъ аст ва ҳамчунин риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ мебошад. Мо борҳо таъкид кардаем ва ҳоло ҳам таъкид мекунем, ки волидон ва калонсолон ҳаргиз нагузоранд, ки бачаҳо бидуни назорат дар назди мхзанҳои об ҳузур дошта бошанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки ҳангоми рафтан ба тафреҳгоҳҳо ва назди ҳавзҳои оббозиву соҳили рӯдхонаҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Бачаҳоро беназорат нагузоранд ва кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое, ки иҷозаи оббозиву шиноварӣ дода шудааст, оббозӣ кунанд.

Тобистони Шумо бояд амният дошта бошад. Тансиҳативу осудагии Шумо дар дасти худи Шумост!

барчасп: