Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Платформаи минтақавии коҳиши хатари офатҳо

Аз 26 то 27-уми июни соли 2018 дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван ҷаласаи Платформаи дуюми минтақаи Марказӣ-Осиёӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М. Салимзода ширкат намуд.

Зимни суханронии худ М.Салимзода ба ширкаткунандагон дар бораи дастовардҳои татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030 ва вазифаҳои дар пешиистода барои татбиқи минбаъдаи он нақл кард.   

Дар доираи форум ҷонишини Раиси КҲФ бо Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Грач Ростомян, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, хонум Мами Мизутори ва сарвари Дафтари намояндагии минтақавии кишварҳои Аврупо Паола Албрито мулоқот намуд. 

Дар вохӯрӣ бо Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда миёни ду ниҳоди наҷот дар Арманистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи низоми дар Тоҷикистон сохтани платформаи миллӣ сухан рафт. 

Дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо корҳои анҷомшуда дар доираи Барномаи қолабии Сендай, ҳамчунин омодагӣ ба платформаи навбатии байналмилалӣ дар охири соли 2018 ва аввали соли 2019 сухан рафт.

Ҳадафи Платформаи дуюми минтақавӣ мусоидат ба ҳамкориҳои ҳадафноки транссарҳадӣ, коҳиши хатар дар ҳамаи секторҳои муҳим, табодули таҷрибаи татбиқи самараноки Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо то соли 2030 буд.

барчасп: