Тобистон, мавсими истироҳату шиноварӣ: Дарсҳои омӯзиши бар истироҳатгоҳҳои Варзоб

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо  истироҳаткунандагони лагерҳои тандурустӣ дарсҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи роҳандозии ин гуна омӯзишҳо дарсҳое аз пешгирии захм хӯрдану садама дидан, риояи одитарин қоидаҳои оббозӣ дар махзанҳои об мебошад. Табиист, ки дар гармои тобистон аксари кӯдакону наврасон ва калонсолон шавқу завқи оббозӣ пайдо мекунанд, вале на ҳамаи онҳо қоидаҳои оббозиро медонанд. Риоя нашудани ин қоидаҳо сабабгори фоҷеаҳо мешаванд. Ва кормандони Раёсати Душанбе дар чанд мулоқоте, ки бо истироҳаткунандагони лагерҳои “Шарора”, “Гулхан”, “Орзу” ва Зимчуруд” доштанд, маҳз ба ҳамин нуктаҳо бештар таваҷҷӯҳ карданд. 

 Роҳандозии ин гуна омӯзишҳо ва тамринҳо ба коҳиши ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо сабаб мешавад. Аслан омӯзиш додани наврасон бозӣ дар об ва риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ бояд як кори ҳамарӯзӣ бошад. Бахусус барои касоне, ки дӯст медоранд истироҳати тобистонаро дар лагерҳое гузаронанд, ки ҳавзҳову кӯлҳои оббозӣ доранд.

барчасп: