Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тамринҳои омӯзишии нав дар ноҳияи Масчо

Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ. Тамрин мекунанд, ҳолатҳоро меомӯзанду меомӯзонанд, то дар сурати пеш омадани вазъи фавқулодда андешидани чораҳо осонтар шавад. Омӯзиш ва омӯзонидан як шеваи муҳими кору фаъолият дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст.

Ин тадбири халқӣ Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тамрини фармондеҳиву ситодӣ бо номи “Амали ҳайати роҳбарӣ, нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда”-ро дар ноҳия Масчо анҷом доданд. 

Тамринҳо барои коркарди алгоритми амалҳо ҳангоми бартараф сохтани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, яъне омода намудани аҳолӣ, роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, тезу зуд барқарор кардани хадамоти харобшудаи комуналӣ, таъмини устувори фаъолияти муассисаҳо, омодагии ҳамешагии аҳолӣ ва воситаҳоро дар бар мегирифтанд. 

Ҳадафи аслӣ санҷиши омодагии роҳбарони хадамоти гуногун ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, такмили малакаҳои ҳайати шахсӣ дар гузаронидани корҳои садамавиву наҷот ҷиҳати ҳифзи аҳолии кишвар ва қаламрави он аз ҳолатҳои фавқулодда мебошад. 

Ин тамринҳо дар се марҳила гузаштанд ва дар ҷараёни онҳо масъалаҳои омодаги мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел, заминларза ва кӯчонидани одамон ба маконҳои амн тамрин шуданд. 

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин нуқтаҳои доимӣ ва муваққатии ҷобаҷосозии аҳолӣ, қисмҳои ғайриштатии садамавиву наҷот, нуқтаҳои ироаи воситаҳои муҳофизати шахсиро санҷиданд.