Мулоқоти судманд дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

ВИЧ/СПИД-ро барҳақ вабои аср меноманд. Имрӯз дар сар то сари Сайёра миллионҳо нафар мубталоёни ин гуна вирусҳои муолиҷанашванда зиндагӣ мекунанд. Ҳаёти ин афрод дар марзи маргу зиндагӣ қарор дорад. Даҳҳо созмонҳои байналмилалии тандурустӣ ва ҷамъиятӣ барои кумак ба ин афрод ҳозирад. Корҳои пешгирӣ аз хатарҳои сироят шудан ба ин бемориҳо зиёд анҷом мешаванд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин худи инсон масъулияти ҳаёту зиндагии худро бар дӯш дорад. Зӯҳро Раҷабова-як тан аз масъулини мубориза ва пешгирӣ бо ВИЧ/СПИД дар вилояти Суғд дар ҳамин ақида аст.

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоти ҳайати шахсӣ бо духтури Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД дар Суғд Зӯҳро Раҷабова баргузор гардид. 

Мутахассиси марказ дар бораи шеваҳои пешгирӣ ва табобат, роҳҳои сирояти беморӣ, захираҳои иттилоотие, ки метавон дар бораи ин мушкилот бештар ошно шуд ва дар бораи фаъолиятҳову таҷрибаҳои шахсии худ нақл кард.

Ҳамсӯҳбати кормандони Раёсат диққати ҳозиринро бештар ба ҳолатҳое ҷалб намуд, ки кормандон ҳангоми роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот метавонанд ногаҳон ба вирусҳои ВИЧ/СПИД сироят шаванд. 

Зӯҳро Раҷабова дар поёни мулоқот ба ҳамаи кормандони Раёсати минтақавии КҲФ тавсия дод, ки нисбат ба саломатии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошанд, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён бештар кӯшо бошанд ва ҳамасола худро ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаронанд.

барчасп: